Маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт дар соли 2022

2023-01-25

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт дар асоси ҷадвали тасдиқнамудаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ва нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт, маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт доир гардид. Дар маҷлис Раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода, намояндаи КИВ ҲХДТ, сармуҳаррири рӯзномаи "Сухани халқ" Абдуваҳобов Абдусабур, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода ва раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати МИҲД-и ноҳияи Ашт Мамадҷонов Зафар, аъзои раёсат, вакилони ноҳиявӣ, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, намояндагии фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок доштанд.

Кори маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Аштро раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб Каримзода Хушнуд Каримӣ ҳусни оғоз бахшид. Бо мақсади босамар бурдани кори маҷлис котиботи маҷлис дар ҳайати 3 нафар интихоб ва регламенти кории маҷлис тасдиқ карда шуд.

Сипас, рӯзномаи Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоқикистон дар ноҳияи Ашт бо масъалаҳои зер тасдиқ карда шуд:

1. Ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023;

2. Тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт барои соли 2023;

3. Тасдиқи нақша-чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022;

4. Ворид намудани тағйирот ба ҳайати Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Ашт;

5. Масъалаҳои ҷорӣ.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома, Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт Каримзода Хушнуд Каримӣ ба сухан баромада, доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт ва ташкилотҳои ибтидоии он дар давоми соли 2022 ҳисобот ироа намуд.

Мавсуф зикр намуд, ки фаъолияти ҳизбӣ дар давраи ҳисоботӣ дар асоси Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Анҷумани XIII ва XIV-и васеи КИМ ҲХДТ, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, доираи омодагиҳо ҷиҳати истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 30-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат”, татбиқи қонунҳои миллӣ аз ҷумла Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи стратегияи фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030”, “Дар бораи аз байн бурдани ҳамаи шаклҳои зуроварӣ нисбати занон”, шарҳу тавзеҳ ва тарғиби ҳадафҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Мавсуф дар баромади худ қайд кард, ки рафти қабули аъзои нав ба сафи ҲХДТ, таъсиси ташкилотҳои ибтидоӣ ҳизбӣ давоми соли 2022, рафти маъракаи супоридани ҳаққи аъзогӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, рафти маъракаи “Обуна – 2023” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” дар давраи ҳисоботӣ хел хуб ба роҳ монда шуд.

Сипас, барои муҳокима раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди ҷамоати деҳоти Шодоба - Ғафуров Сафарбой Ҳабибуллоевич, вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ашт аз ҳавзаи интихоботии “Бободархон” №8, Пулотов Назмиддин Мамадҷонович ва муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди Маркази таҳсилоти иловагии ноҳияи Ашт Раҳимова Истода Розиқовна ба сухан баромада, фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Аштро дар соли 2022 қаноатбахш ҳисобиданд.

Ҳамчунин, соҳибкори ҷавон Машарипов Шоҳсалим Аминҷонович истиқоматкунандаи деҳаи Бободархони Ҷамоати деҳоти Понғоз, хатмкардаи факултаи “Тиҷорати байналмилалӣ”-и Донишгоҳи Нюкасли Британияи Кабир, доир ба таъсису ташкили корхонаҳои саноатӣ дар ноҳия ва ҷалби ҷавонон ба соҳибкорӣ суханронӣ намуд. 

Намояндаи КИВ ҲХДТ, сармуҳаррири рӯзномаи "Сухани халқ" Абдуваҳобов Абдусабур зимни суҳбат атрофи масъалаҳои пешгирии падидаҳои номатлуб, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, нашри мақолаҳо ва вокунишу андешаҳо дар нашрияҳои ҳизбӣ аз ҷониби аъзои ҲХДТ, ҷалб намудани ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ изҳори назар кард.

Раиси ноҳияи Ашт Муҳаммадзода Шӯҳрат низ дар суханронии хеш дар самти ҷавонон, занон, собиқадорон, соҳаи маориф, таъсис ва ташкили синфҳои иловагӣ барои баланд бардоштани донишу малакаи наврасону ҷавонон, ташкили сехҳои дӯзандагӣ дар тамоми ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳандозӣ намудани иншоотҳои саноатӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва инчунин, баррасии камбудиҳои ҷойдоштаи ҳизбӣ фикру андешаҳои худро мавриди зикр қарор дода, аз тамоми аъзои ҳизби ноҳия даъват ба амал оварданд, ки бояд дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ҳиссаи босазои хешро гузоранд ва дар охир ба фаъолияти КИН баҳои баланд доданд.

Масъалаи дуюм ва сеюми рӯзнома оид ба тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт доир ба “Самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт барои соли 2023” ва тасдиқи нақшаи чорабинии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт вобаста ба тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2022  низ баррасӣ гардида, қарор қабул карда шуд.

Масъалаи чоруми рӯзнома, аз ҳайат баровардан ва интихоби ҳайати нави аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт буда, қарор дар бораи ворид намудани тағйирот ба аъзои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт тасдиқ карда шуд.

Доир ба баррасии маъалаи панҷуми рӯзномаи маҷлис масъалаҳои ҷорӣ аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ҷиҳати фаъолона иштирок намудан дар корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ, маъракаи “Обуна-2023” ва дигар чорабиниҳои ҳизбӣ якчанд нафар раисони ташкилоти ибтидоӣ, директорони муассисаҳои таълимии ноҳия бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардидаанд ва инчунин, ба якчанд нафар аъзои ба сафи ҳизб навқабулгардида шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.