Паём нишондоди рушди босубот

2023-01-25

Дар асоси нақша чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ, имрӯзҳо дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ омӯзиши мазмуну муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ вохӯриҳо баргузор гардида истодааст.

Дар ин радиф, чунин вохӯри бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Олимов Иброҳим дар ташкилоти ибтидоии "Идораи об"-и ноҳияи Дӯстӣ доир карда шуд.

Мавсуф дар баромадашон қайд намуд, ки Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, ки дар он таҳлили амиқи худро ёфтааст ва дурнамои инкишофи онҳо муайян карда шудааст ва ҳамчун роҳнамо дар оянда хизмат менамояд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сараввал ба нақшагирии самти иқтисоди миллиро мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор додааст. Дар Паём ба баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум диққати ҷиддӣ дода шудааст.

Боиси қаноатмандист, ки ба буҳрони шадиди иқтисодӣ ва нооромиҳои дар тамоми руй дунё нигоҳ накарда, бо шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагию бунёдкорӣ ва ободкорӣ дар соли 2022 бо маром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисодии миллӣ ва баланд бардоштани зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуда истодааст.