Шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат дар ташкилотҳои ибтидоӣ

2023-01-25

Дар ташкилоти ибтидоии “Малика” бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва аъзои ташкилоти ибтидоии мазкур маҷлиси умумӣ доир гардид.

Тибқи рӯзномаи маҷлис баррасии 2 масъала ба миён гузошта шуд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис нахуст, раиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти ташкилот дар соли 2022 ҳисобот дода, зимнан қайд намуд, ки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии “Малика” дар соли сипаригардида дар чорабиниҳои сиёсӣ ва маъракаи сиёсии Обуна-2023 ба рӯзномаҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Мароми пойтахт” иштироки фаъол доштанд. Инчунин, дар тарғиби идеологияи миллӣ, дастгирии сиёсати созандаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши сазовор гузоштанд.

Зимнан, масъалаҳои ҳаракати аъзои ҳизб, риояи талаботи Оинномаи ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳисобот қаноатбахш арзёбӣ гардид.

Дар ниҳоят, Одинаев Ҳоҷӣ, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур зимни суханронии хеш бо такя ба масъалаҳои меҳварии Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ қайд намуд, ки зимнан, бояд гуфт, ки дар сӣ соли охир шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷӯёни ин зинаҳои таҳсилот сеюним баробар, мактабҳои олӣ чор баробар ва донишҷӯён зиёда аз се баробар афзудааст. Соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад.

Бо истифода аз имкониятҳое, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодааст, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон саҳми фаъолтар гузоранд.

Вазъи имрӯзаи илми кишвар тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд.