Ёд аз фарзонафарзанди миллат

2023-01-25

Дар маҷлисгоҳи Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров”, Конфронси илмии вилоятӣ бахшида ба 70-солагии ходими ҷамъиятию давлатӣ Ҷалилов Анвар Расулович таҳти унвони "Зиндаву ҷовид монд" баргузор гардид.

Дар кори конференсия муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон, Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳрвандии МИҲД-вилоят Тоҷибой Султонӣ, ректори ДДХ Аюбҷон Усмон, фаъолону собиқадорони ҳизб, кормандони кумиҷроияи вилоятӣ, фарзандону пайвандон ва ёру дӯстон иштирок намуданд.

Исмоилзода Зуфар Муртазохон зимни суханони ифтитоҳӣ дар бораи Анвар Расулович, нахустраиси Кумиҷроияи вилоятӣ мухтасар маълумот дод. Латифзода Асрор дар бораи фаъолияти пурмаҳсули Ҷалилов Анвар, хислатҳои беҳтарини ин шахсияти бузург ҳарф зада, зиндагиномаи ӯро мактаби бузург ба насли имрӯз арзёбӣ кард.

Тоҷибой Султонӣ аз номи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода салому паём ба наздикону пайвандони Анвар Расулович расонида, аз хизматҳои мондагори ӯ сухан ронд.

Ҳамчунин, Абдуҳаким Шарипов таҳти мавзӯи "Анвар Ҷалилов - сиёсатмадор ва ходими ҷамъиятӣ", Исматдинзода Эргаш Муҳаммад доираи мавзӯи "Нерӯҳои зеҳнӣ дар ташаккулёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” маъруза намуданд.

Дар қисмати ёдбуд Саидбой Зокиров, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Суғд, Шуҷоат Ҳасанова, ходими давлатӣ ва ҷамъиятӣ аз номи хешон ва пайвандон Турғуной Ҷалилова сухан намуда, хотираҳои фаромӯшнопазири худро дар бораи хизматҳои содиқонаву софдилонаи Анвар Расулович ба ҳизби созандаву бунёдкор, ба Ватан, халқу миллат, ба оилаву хешону пайвандон, хислатҳои ҳамидаву инсонии ӯ изҳор намуданд.

Бояд қайд кард, ки Ҷалилов Анвар Расулович дар тӯли фаъолияти босамари хеш барои баланд бардоштани маърифати ҷавонон, рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, густариши Ваҳдати миллӣ ва баланд бардоштани обрӯю эътибори ҲХДТ саъю талош варзидааст.

Хотираи неки ин фарзонафарзанди миллат шод бод!