Мудом дар паҳлуи давлат ва ҳамқадами миллат

2023-01-24

Роҳи бештар аз се даҳсолаи охир паймудаи ҷомеаи Тоҷикистон роҳи саҳлу осон набуд. Ин муддат дар доираи таърихи инсоният ва аз диди башарият начандон дароз намояд ҳам, барои кишвари мо марҳилаи муҳимтарини аз тазодҳои дохилӣ берун овардани ҷомеаи кишвар, сулҳоварӣ, поягузорӣ ба суботу амнияти миллат, барқарорсозию созандагӣ, худогоҳию хештаншиносии миллӣ, марҳилаи бунёдкориҳо ва давраи эҳёи дубораи волотарин арзишҳои таърихии халқи тоҷик маҳсуб меёбад.

Дар ҷараёни ин дастовардҳои барои мардуми шарифи кишвар хеле арзишманд, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар радифи ҳамаи сохтору ниҳодҳои муҳимми давлатӣ, қишрҳои фаъоли ҷомеа ва ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ барои рушду пешрафти Ватани азиз саҳми босазову муносибе гузоштааст.

Сафҳои босуръат афзояндаи ҳизб, ки ҳамаи қишрҳои фаъоли ҷомеаро новобаста аз касбу кор, мақому мартаба, хусусиятҳои мазҳабию динӣ ва ин амсол дар бар мегирад, дар давоми фаъолияти ҳизб ба садҳо ҳазор расида, ҳамчун рукни боэътимоди давлатдорӣ барои рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳимми кишвар ва беҳбудии ҳаёти мардум нақши босазое бозида истодааст.

30 ноябри соли сипаригардида Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказӣ суханронӣ намуда, аз ҷумла ба фаъолону аъзои ҳизб таъкид намуданд, ки “фазои басо мураккаб ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геосиёсии сайёра ва минтақаи Осиёи Марказӣ, афзудани таҳдиду хатарҳои муосир, аз қабили терроризми байналмилалӣ, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ аз мо тақозо мекунад, ки барои ҳифзи истиқлоли миллӣ, манфиатҳои халқ ва давлати Тоҷикистон аз ҳарвақта бештар омода бошем.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро лозим аст, ки тамоми нерӯ ва маҳорату таҷрибаи аъзояшро барои тавсеа ва тақвият бахшидани ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва амният, волоияти қонун, муборизаи беамон бар зидди коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таъмини рушди устувори кишвар бо истифодаи васеъ аз дастовардҳои илмиву технологии муосир сафарбар намояд”.

Оре, таъкиду ҳушдорҳои ҳамешагӣ ва дастурҳои раҳнамои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ дар шароити кунунӣ хеле зарур ва саривақтиву пурманфиатанд. Зеро шароити имрӯзаи қариб ҳамасоата ва ҳамарӯза тағйирёбандаи ҷаҳон, вазъи мураккаби печидагиҳои сиёсию иқтисодии кишварҳои абарқудрат, раванди ҳамарӯза суръатёбии низоъҳои миллию мазҳабӣ дар баъзе гӯшаҳои сайёра, тағйирёбии пайвастаи вазъи табиату наботот ва дигаргуншавии ҳамасолаи иқлими ҷаҳон моро водор месозад, ки аз ҳарвақта бештар амал намоем, тамоми фаҳму заковати ҳар як аъзои ҳизбро барои мустаҳкамтар намудани ваҳдати миллӣ, пояҳои сулҳу суботи комил, расидан ба зиндагии шоистаи мардуми кишвар, нигаҳдории фазои осудаву озоду ободи ватан равона созем.

Бо ин назардошт, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳо бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо тамоми Вазорату ниҳодҳои давлатӣ, бо ҳамаи корхонаю муассисаҳои давлатию хусусӣ ва бо тамоми қишрҳои ҷомеа ҳамарӯза кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар ин роҳ тадбирҳои муҳимро амалӣ намояд. Дар ин васила ҳамаи қарору қонунҳо, созишномаҳои байнидавлатӣ, амру фармонҳои Роҳбари давлат, пешниҳоду дархостҳои вазорату идораҳои давлатӣ, навгониҳои илмию фарҳангӣ, низоми ҳаёти мардум, нигоҳдории арзишҳои миллӣ, муносибати доимӣ бо аҳолии кишвар ва ин амсол падидаҳои муҳим доиман дар мадди назари роҳбарият ва аъзои ҳизб қарор доранд ва иҷроиши ин талабот вазифаи асосии ҳар як аъзои ҳизб ба ҳисоб меравад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки эътимоду боварӣ ва муҳаббати мардуми кишвар ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба комёбиву дастовардҳои ҳизб дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ торафт афзун мешавад. Ба андешаи мо, яке аз сабабҳо ва омилҳои арзишманди ин муносибати қишрҳои мухталифи ҷомеа бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хеле наздик ва болоишу беғараз будани муносибатҳои байниҳамдигарӣ мебошад.

Дар баробари таҳкими муносибатҳо бо аҳли ҷомеа ҳамкории Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дигар ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии ҷонибдори давлату ҷомеа низ хеле назаррас аст. Дар ин васила Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон, аз ҷумла таъкид намуданд, ки: “Мо омода ҳастем, ки барои ҳифзу таҳкими манфиатҳои умумимиллӣ ҳамкориро бо дигар аҳзоби сиёсӣ тақвият бахшем ва барои оромиву осудагӣ ва суботи ҷомеа ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, ифротгароии диниву мазҳабӣ, таҳмили мафкураи хатарзо ва ҷараёну равияҳои бегона боз ҳам бештар саъю талош намоем”.

Мавриди зикр аст, ки доираи фаъолият ва муносибатҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо тамоми самту соҳаҳои ҳаёти ҷомеа робитаи зичу ногусастанӣ дошта, хеле густурда ба роҳ монда шудааст. Ҳамкориву таъсири бемайлони ҳизбро дар ҳамаи равандҳои ҳаётии мардум, дар ҳамаи самтҳои пешбарандаи кишвар, аз ҷумла дар соҳаҳои илму истеҳсолот, фарҳангу тамаддун, адабиёту санъат, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ҳифзи муҳити зист, равандҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва умуман ҳамаи ҷараёнҳои пайваста рушду такмилёбандаи ҳаёти кишвар мушоҳида намудан мумкин аст. Ба таври дигар гӯем, дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон фаъолияти ҳизб барои ҳар кадом хонадони кишвар нақшу таъсиргузор буда, яке аз унсурҳои қавию самимӣ ва ҷудонашавандаи ҷомеаи шарифи кишвар дониста мешавад.

Дар ин росто, Роҳбари давлат зимни суханрониашон изҳор доштанд, ки: “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бояд барои мустаҳкам намудани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ нақши сазовор дошта бошад”.

Дар баробари бо тамоми қишрҳои ҷомеаи кишвар робитаи мустаҳкам доштан, ҳамчунин Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз рукнҳои боэътимоди давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Дар тамоми нақшаву чорабиниҳои давлатӣ, дар амалисозии сиёсати пешгирифтаи давлат, дар расидан ба ҳадафҳои стратегии давлату ҳукумат, дар нигоҳдории сулҳу субот ва самтҳои дигари давлатдорӣ низ нақшу ҳиссаи ҳизб басо назаррас арзёбӣ мешавад.

Вобаста ба ин Пешвои муаззами миллат дар ҷаласаи баргузоргардидаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ифтихор иброз намуданд, ки: “Имрӯз бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки ҳизби мо ба як нерӯи тавонои сиёсӣ табдил ёфтааст. Мардуми кишвар ба ғояҳои созандаи ҳизб эътимоди қавӣ доранд, зеро он дар сафи пеши корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ташаббускориҳо қарор дорад.”

Нурзод Розиқ Маҳмадсолеҳ,

мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Синои