Идомаи шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат дар ташкилотҳои ибтидоӣ

2023-01-20

Дар ташкилоти ибтидоии “Сохтмончӣ” бо иштироки Обидов Фозил, Раиси Фраксияи ҲХДТ дар Парлумони мамлакат, Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мирзозода Низом, Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукмати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Наботов Шукрулло, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур омӯзиши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ баргузор гардид.

Зимни суханронии хеш баромадкунандагон бо такя ба масъалаҳои меҳварии Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки ҳоло ки корҳои ободониву созандагӣ, сохтмони биноҳои таъиноти гуногун, аз ҷумла биноҳои истиқоматии баландошёна ва иншооти иҷтимоӣ торафт вусъат гирифта истодаанд, талабот ба масолеҳи сохтмон, аз ҷумла сангҳои ороишӣ зиёд гардида, як қисми онҳо то ҳанӯз аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад.

Дар солҳои 2021 – 2022 ба кишвар ба маблағи қариб 10 миллион доллари амрикоӣ сангҳои ороишӣ ворид гардида, танҳо хароҷоти интиқоли онҳо беш аз 2 миллион долларро ташкил додааст.

Дар Тоҷикистон захираи сангҳои бинокорӣ, аз ҷумла мармару хоро фаровон аст, ки дар дохил ва хориҷи кишвар ба онҳо талабот зиёд мебошад. Бо назардошти имкониятҳои зикршуда, пурра ба роҳ мондани истихроҷ ва коркарди онҳо, аз ҷумла сангҳои ороишӣ метавонад яке аз манбаъҳои афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, таъсиси ҷойҳои кории нав, зиёд намудани содироти маҳсулот ва дар маҷмӯъ, таъминкунандаи рушди иқтисоди кишвар гардад.

Бо назардошти афзоиш ёфтани аҳолӣ, инчунин, зиёд шудани талабот ба бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва манзилҳои истиқоматӣ бори дигар таъкид менамоям, ки роҳбарону мутахассисони Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти марбута ҳангоми бунёди иншооту биноҳо ба риояи ҳатмии қоидаву меъёрҳои шаҳрсозӣ ва сохтмон эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Дар ин самт, зарур аст, ки истифодаи васеи унсурҳои меъмории милливу замонавӣ, технологияҳои муосир ва масолеҳи сифатноки сохтмон таъмин карда шавад.