Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор баргузор гардид

2023-01-20

Тибқи ҷадвали тасдиқшудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо иштироки Муқимзода Наргис, мудири шуъбаи кор бо занон ва масъалаҳои гендерии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ, аъзои Кумитаи иҷроия, муовинони раиси ноҳия, инчунин роҳбарони ташкилоту муассисаҳои ноҳиявӣ, муовинони раисони ҷамоатҳо, аҳли илму маориф, табибону ҷавонони фаъоли узви ТҶҶ “Созандагони Ватан” баргузор гардид.  

Дар маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор масъалаҳои натиҷагирӣ фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар соли 2022, натиҷагирӣ аз ҷамъбасти маъракаи сиёсии обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Ҳамрози халқ” барои соли 2023, ҷорӣ намудани рейтинги ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ марҳила ба марҳила баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Дар ҳисобот тазаккур дода шуд, ки дар доираи амалиёти муштараки ҲХДТ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҳкими низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣ бо кормандони соҳаи маориф ва вакилону фаъолони ҲХДТ дар 66 муассисаҳои таълимии ноҳия 166-соати сиёсӣ ва дар 34 муассисаи дигар амалиёти “Мактаби ман” баргузор намуданд.

Дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем” дар соли 2022 бо ҷалби фаъолони ҲХДТ зиёда аз 200 км роҳҳои байни маҳаллаҳо сангфарш карда шуда, ҳудуди 5 км заҳбуру заҳкашҳо тоза ва 29,5 км роҳи автомобилгард мумфарш карда шуд. Дар доираи ташаббусҳои ҳизбӣ 50 адад сутунпояҳои баландсифати оҳанин ва лампаҳои калонҳаҷми каммасраф дар роҳҳо насб гардиданд. Бо саҳми ташкилотҳои ибтидоии ҳудуди шаҳраки Фархор дар масофаи зиёда аз 150 метр роҳравҳо сафолакпуш карда шудаанд. Ҳамзамон, 21-адад иншооти гигиенӣ аз тарафи сокинони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия сохта мавриди истифода қарор гирифт.

Ҷиҳати тарғибу ташвиқи сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар давоми соли 2022 аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҳизб дар доираи фаъолият, беш аз 1300 маводҳои гуногуни чопию видеоӣ таҳия гардидааст. Аз ҷумла, 23-адад лавҳаҳои сарироҳӣ, 26 ҳазор варақаҳои таъкидӣ ва брошураҳо ва 75 андешаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор гардиданд. Аз ҳисоби кумита ба оилаҳои маъюбу камбизоат дар як сол 12 ҳазору 900 сомонӣ кумапулӣ расонида шуд.

Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ин самт 61 аксияҳои тарғиботӣ, 8 адад чорабиниҳои варзишӣ, 9 адад чорабиниҳои фарҳангӣ, 12 адад озмунҳои фаннӣ дар ҳамдастӣ бо бахшҳои дахлдор доир намуд. Дар 8-дидбонгоҳҳои сарҳадӣ давоми сол бо ҷалби ташкилотҳои ибтидоӣ маводҳои ғизоӣ расонида шуда, барномаҳои фарҳангӣ ва боздиди ҷавонон аз як рӯзи ҳаёти сарбозон ташкил гардид.

Муқимзода Наргис Насимӣ, мудири шуъбаи кор бо занон ва масъалаҳои гендерии Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ зимни суханронии худ оид ба баланд бардоштани иродаи сиёсии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, таҳкими фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ, пешгирии падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ, тарбияи ватанпарстии ҷавонон, ҷалби фаъолону сокинон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, қабули аъзои салоҳиятнок ба сафи ҲХДТ ва амсоли ин масъалаҳои дохилиҳизбӣ нутқ карда, тавсияҳои судманд пешниҳод намуд.