ҲХДТ Левакант: фаъолият тақвият меёбад

2023-01-20

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Каниева Низора, сармутахассиси шуъбаи рушди иштимоӣ ва робита бо ҷомеаи назди дасгоҳи раиси шаҳри Левакант Моҳираи Абдуғафор, аъзои ҳизб, раисону котибони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолони ҳизб дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант доир гардид.

Нахуст, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Низора Каниева назди ҳозирин аз фаъолияти кумиҷроияи ҳизб дар соли сипаригардида ҳисобот дод. Аз ҷумла қайд кард, ки дар ин муддат шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ 49 адад буда, шумораи аъзои ҳизб 4688 нафарро ташкил медиҳад.

Номбурда, доир ба ташкили гуруҳҳои корӣ барои таблиғу ташвиқи Паёми навбатии Сарвари давлат, корҳои дар ин давра анҷомдода, ташаббусу иқдомҳои кумиҷроияи ҳизб, кӯмаку дастгириҳо нисбати қишри ниёзманди ҷомеа, пахшу инъикоси маводҳо оид ба фаъолияти ҳизб дар шабакаҳои иҷтимоию воситаҳои ахбори омма, саҳми ҳизбиён дар рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг муфассал гузориш дод.

Ҳамзамон, ҳисоботи мутахассиси бахши омор ва маҳзани ягонаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант Худойқулова Таманно дар соли 2022 шунида шуд.

Сипас, сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи назди дасгоҳи раиси шаҳри Левакант Моҳираи Абдуғаффор бо овардани мисолҳои мушаххас доир ба фаъолияти хуби аъзои шаҳрии ҳизб, саҳми онҳо дар ободонию бунёдкориҳои шаҳр ва иқдомҳои пайгиронаи онҳо ҳисоботро пурра намуда, фаъолияти онро қаноатбахш баҳогузорӣ кард.