ҲХДТ Спитамен: фаъолияти солона ҷамъбаст гардид

2023-01-20

Дар асоси нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, санаи 19-уми январи соли 2023 маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен барои соли 2022 баргузор  гардид.

Дар маҷлиси мазкур муовини Раиси ноҳияи Спитамен Дилрабо Раҳимӣ, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мунзифахон Пулотова, вакилони халқ, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорони ҳизб, роҳбарони ташкилоту идораҳо, фаъолон, намояндагии ТҶҶ ”Созандагони Ватан” иштирок  намуданд.

Дар маҷлиси мазкур масъалаҳои ҳисоботи фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва вазифагузориҳо барои соли 2023, фаъолияти гуруҳи вакилии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен дар давраи ҳисоботӣ, тасдиқи қарорҳои ташкилоти ибтидоӣ дар бораи қабули аъзоги ба сафи ҳизб, тасдиқи қарори муассисони ташилоти ибтидоии “28-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон”, тасдиқи ҷадвали тарғибу ташвиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд .

Аз руйи масълаи якуми рӯзнома, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Муҳаммадӣ Музрафхон Сироҷиддин оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен ҳисобот дод. Аз руйи масъалаи мазкур, раиси ташкилоти ибтидоии Маркази саломати №1 Исобоев Дилшод, раиси ташкилоти ибтидоии “Тағояк», Турсунов Шуҳрат, муовини раиси ташкилоти ибтидоии “Амонатбонк”, Калонов Абдулхайр ба музокира баромаданд.

Аз руйи масъалаи дуюми рӯзнома Ҷамолиён Роҳбарой дар бораи фаъолияти гуруҳи вакилии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен баромад намуд.

Сипас мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мунзифа Пӯлотова ва муовини Раиси ноҳияи Спитамен Дилрабо Раҳимӣ оид ба фаъолияти пурсамари Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен фикру андешаҳои хешро баён намуда, барои беҳбудии фаъолияти минбаъда таклиф ва пешниҳодҳои хешро гуфта гузаштанд.

Сипас, аз руйи ҳамаи масъалаҳои дар маҷлиси рӯзнома гузошташуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Дар охир ба як қатор фаъолони ҳизб, ки дар соли 2022 баҳри татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон саҳми босазои хешро гузоштаанд, Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва Сипосномаҳои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен ва ба 10 нафар наваъзо шаҳодатномаҳои ҳизб супорида шуд.