Ҳадафҳои созанда

2023-01-18

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Заминсоз” – и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохурии таблиғотӣ бо иштироки Ашурова Дилрабо, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Қурбонзода Убайдулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Абдуллозода Зикриё, муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои ҳизб баргузор гардид.

Нахуст Абдуллозода Зикриё сухани ифтитоҳӣ намуда, меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Сипас Ашӯрова Дилрабо зимни суханронӣ нуқтаҳои Паёми Пешвои миллатро дар самти маориф, сиёсати Ҳукумати мамлакат нисбати дастгирии бонувон ва рушди тафаккури инсонӣ, аҳаммияти саҳмгузории миллӣ дар рушди минбаъдаи давлатдорӣ ва ҳифзи ҳамешагии амну оромии кишвар тавзеҳ доданд.

Дар идома Қурбонзода Убайдулло баромад намуда, қайд дошт, ки имрӯзҳо равандҳои геополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифату низоъҳо, шиддат гирифтани рақобат ва талоши кишварҳо барои тавсеаи нуфуз дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон гардидаанд. Ҳамзамон, мавсуф қайд намуд, ки дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ бо роҳи тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ пеши роҳи гароидани ҷавононро ба равияҳои ифротгаро гирифта, онҳоро дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ тарбия намоянд.”