Паём ва пайомадҳои неки он

2023-01-16

Ҳар боре Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа мегардад, моро эҳсоси хуши ватанпарварӣ, садоқатмандӣ ва дарки масъулиятшиносӣ ба кору фаъолияти ҳаррӯза бештар мегардад.

Пешвои миллат дар Паём аз дастовардҳои соли 2022 сухан ронда, бо изҳори сипос рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакатро дар панҷсоли охир (2018-2022) бо далелҳои муътамад ба риштаи таҳлил кашиданд.

 Дар Паём  Пешвои миллат аз вазъи нооромиҳо, муборизаҳои  сиёсӣ, ҷангҳои иттилоотӣ, яроқнокшавии бошитоб, руйдоди ҳодисоти ифротӣ ва террористӣ   дар як қатор давлатҳо ёдовар шуда, аҳолии кишварро ба сарҷамъиву меҳнатдустӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, афзун намудани дастовардҳо дар ҳама самтҳои хоҷагии халқ даъват намуда, таъкид доштанд, ки «танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу ватан ва иқдомҳои созанда моро ба ҳадафҳои олиамон наздик мерасонад. Боварӣ дорам, ки мардуми  шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯсти мо аз уҳдаи иҷрои ҳама гуна амалҳои нек ва бартараф намудани мушкилот мебароянд»

Бинобар он дар шароити имрӯза мо шаҳрвандонро зарур аст, ки боз ҳам дар атрофи Пешвои миллат муттаҳидтар ва сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарҷамъ шуда, саҳми худро дар ободонии макони зист, тарбияи фарзандон, пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, тарғиби ватандӯстӣ, муҳофизати Ватан ва ҳифзи сулҳу субот ва оромии ҷомеа гузорем.

Боиси хушнудист, ки давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон дар даврони 31 соли Истиқлол ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам дар сиёсати хориҷӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Обрую эътибори сиёсии давлат дар сатҳи ҷаҳонӣ афзуда, иқдомҳои Сарвари давлат дар сатҳи ҷаҳонӣ арзиш пайдо намуданд.

Аз ҷумла, ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф гардидани Тоҷикистон ва қабул гардидани қарори якдилона дар Маҷмааи СММ санаи 14.12.2022 вобаста ба пешниҳоди навбатии муҳимми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Соли байналмилалии ҳифзи пиряҳо эълон гардидани соли 2025» мояи ифтихор ва сарфарозии мардуми тоҷик мебошад.

Имрӯз роҳҳои обод, нақбҳо, биною қасрҳо, корхонаю муассисаҳои сохташуда ва бунёдшаванда ба муносибати 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташаббусҳои неки ҳукуматҳои маҳаллӣ ва соҳибкорон шаҳодат медиҳанд.

Оғозу идомаи сохтмонҳои азим, аз ҷумла, НБО Роғун, саноатикунонии босуръати мамлакат, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқавории мамлакат, таваҷҷуҳ ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, иҷтимоиёт, фарҳанг дурнамои рушди устувори иқтисодӣ ва таъмини зиндагии шоистаи мардум ба ҳисоб мераванд.

Бале, Сарвари мамлакат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ пешрафти мамлакатро дар 5 соли охир ёдовар шуда, дар навбати худ аз қишри ҷавони ҷомеа хоҳиш менамоянд, ки ободкор, созанда, ҳушёру зирак ва эҳтиёткор бошанд. Бо ин маъно дар Паём зикр мешавад,ки «Бо дастгириву ба ғамхорӣ фаро гирифтани  ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа, аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад, ки таҳти таваҷҷўҳи хосаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст»

Тавре Пешвои миллат дар Паём таъкид доштанд соли 2022 «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул гардид, ки иқдоми саривақтӣ оид ба таъмини фаъолияти шоистаи ҷавонони кишвар маҳсуб меёбад. Зеро вазъи кунунии ҷаҳони имрӯза собит намуд, ки сиёсати мудофиавии кишвар, аз ҷумла, ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодӣ аз саҳми ватандӯстонаи ҷавонон вобастагии калон дорад.

Бо вуҷуди саҳми назарраси ҷавонони кишвар дар тараққиёти ҳама соҳаҳои ҳаёти кишвар ҳолатҳои ҳастанд, ки ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳи мо гумроҳи ғояҳои тундгароёнаи гурўҳҳои террористиву экстримистӣ мегарданд.  Дар ин маврид дар баробари сохторҳои давлатӣ ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, оила, муассисахои таълимӣ ва фарҳангиро зарур аст, ки насли наврасро дар рӯҳияи садоқат ба Ватан, ба ҳалқу миллат бо роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳӣ омода намоянд.

Ба андешаи Пешвои миллат «вазифаи мо аз он иборат аст, ки тамоми донишу таҷриба, маҳорату малака ва саъю талоши худро минбаъд низ ба рушди давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон равона кунем, кишвари маҳбубамонро пешрафта гардонем ва барои насли оянда як мулки обод мерос гузорем.»

Ҳамин тавр, Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ як барномаи хуби корӣ, дастурамали зарурӣ ва раҳнамо барои ҳар кадоми мо буда, вазифа аз он иборат аст,ки онро хуб омӯзем ва баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои он ҳиссагузор бошем.


Мурод Шукурзода, узви Маҷлиси

миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии

Тоҷикистон, раиси КИ ҲХДТ

дар шаҳри Панҷакент