Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид

2023-01-16

Таҳти раёсати раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзод, Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид.

Дар кори маҷлис аъзои Раёсат ва кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор иштирок намуданд. Дар Маҷлиси Раёсат 5 масъала мавриди муҳокима қарор гирифта, оид ба масъалаҳои баррасишуда дар алоҳидагӣ қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Тибқи рӯзномаи маҷлис ҳисоботи Қодирзода Бахтиёр Боболатиф, муовини роҳбари Ситоди “Обуна-2023” “Оид ба ҷамъбасти маъракаи сиёсии обуна ба нашрияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Минбари халқ” дар кумитаву ташкилотҳои ҳизбии шаҳри Ҳисор” шунида шуд.

Гуфта шуд, ки фаъолияти ситод дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, корҳои таблиғотӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва корхонаву муассисаҳо гузаронида шуданд.

Сипас дар музокира Ҳакимова Мавҷуда, раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Маорифчиён” суханронӣ намуда, зикр дошт, ки дар воқеъ маъракаи сиёсии обуна яке аз маъракаҳои муҳим ба шумор меравад. Илова ба ин нашрияи Минбари халқ  нашрияи сермутолиа шояд дар кишвар буда, дар он маводҳои ҷолиб нашр мегардаднд.

Ҳамзамон, масъалаҳои дохилиҳизбӣ низ мавриди муҳокимаи Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи ҳизби шаҳри Ҳисор қарор гирифта, ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои дохилиҳизбӣ таклифҳои судманд ироа гардиданд.

Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб бо қарори дахлдор Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисорро даъват намуд. Дар ин радиф, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор масъалаҳои баррасишаванда дар Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ҳисорро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар фаромади кори Маҷлиси Раёсат Изатуллои Ҳабибзод суханронӣ намуда, қайд карданд, ки соли 2022 бо рӯйдодҳои фараҳбахш ва вусъати корҳои ободонӣ дар саҳифаи навини давлатдориамон бо хатҳои заррин сабт гардид. Дар идома оид ба тадбирҳои ободонӣ, ки бо иқдомоти шаҳрдории шаҳри Ҳисор ба даст омадаанд, ибрози назар намуд.