Маҷлиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ баргузор гардид

2023-01-16

Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ бо иштироки роҳбари дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хонзода Абдураҳмон Умар, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти КИМ ҲХДТ Ширинбеков Садриддин, раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ, раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ Раҷабова Зунайда, аъзои гурӯҳи вакилони ҳизбӣ, Шӯрои собиқадорони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолони ҳизб дар толори маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Неърубахш» доир гардид.

 Ба баррасии рӯзномаи маҷлис масъалаҳои зерин пешниҳод гардиданд:

1. Ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ аз натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти кумитаи иҷроия дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023;

2.Тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ барои нимсолаи якуми соли 2023;

3.Масъалаҳои ташкилӣ

Нахуст, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ Соҳибҷон Имомназаров  назди ҳозирин аз фаъолияти кумиҷроияи ҳизб дар соли сипаригардида ҳисобот дод. Аз ҷумла қайд кард, ки дар ин муддат шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ аз 54 ба 68 адад расида, шумораи аъзои ҳизб то 1777 нафар афзуд.

Номбурда, доир ба ташкили гуруҳҳои корӣ барои таблиғу ташвиқи Паёми навбатии Сарвари давлат, корҳои дар ин давра анҷомдода, ташаббусу иқдомҳои кумиҷроияи ҳизб, кӯмаку дастгириҳо нисбати қишри ниёзманди ҷомеа, пахшу инъикоси маводҳо оид ба фаъолияти ҳизб дар шабакаҳои иҷтимоию воситаҳои ахбори омма, саҳми ҳизбиён дар рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, муфассал гузориш дод.

Сипас, Узви Маҷлиси КИМ ҲХДТ, раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Р.Ш. ба музокира баромада, бо овардани мисолҳои мушаххас доир ба фаъолияти хуби аъзои шаҳрии ҳизб, саҳми онҳо дар ободонию бунёдкориҳои шаҳр ва иқдомҳои пайгиронаи он ҳисоботро пурра намуда, фаъолияти онро қаноатбахш баҳогузорӣ кард.

Қайд дошт, ки дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, чун роҳнамо дар фаъолияти минбаъда истифода бояд намуд.

Мавсуф минҷумла зикр намуд, ки мо бояд фаъолиятамонро дар муқовимат бо хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз таъсири омилҳои номатлуб бо истифодаи васеъ аз усулҳои иттилоотӣ ва пешгирикунанд вусъат бахшем.

Дар баробари дигар воситаҳои ахбори омма, инчунин аз шабакаҳои интернетӣ низ васеъ истифода намуда, дар сомонаҳо вокуниши саривақтӣ бар зиддӣ маводҳои танқидие, ки манфиатҳои миллии моро поймол месозанд, интишор намоем. 

Роҳбари дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хонзода Абдураҳмон, ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хоруғро дар соли 2022 хуб баҳогузорӣ намуда, ба роҳбарият ва кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ, инчунин раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолони ҳизб ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолият ва зиёд кардани шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ, мунтазам гузаронидани хонишҳои сиёсӣ, вусъатбахшии корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ миёни ҷавонону наврасон ва дар замири онҳо бедор кардани ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ, ташкили гурӯҳҳои мобилии таблиғотчиён аз ҳисоби аъзои гурӯҳи вакилони ҳизбӣ, собиқадорони ҳизб ва мутахассисону коршиносон ва ба саҳми қишрҳои гуногуни ҷомеа расонидани моҳият ва нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷоннок намудани  корҳои дохилиҳизбӣ ва ислоҳу бартарафсозии камбудиҳои дар фаъолият ҷойдошта, дастуру супоришҳои мушаххас дода, барои фаъолияти минбаъда вазифаҳоро муайян карданд.

Ширинбекзода Саддридин дар баромади хеш ҳисоботи раиси кумиҷроияи ҳизбро муфассал таҳлил карда, дастоварду мушкилиҳои дохилиро бозгу намуд. Таъкид намуд, ки ба фаъолияти гуруҳи вакилӣ диққати ҷиддӣ дода, ҳисоботи вакилии ҳар як намояндаи халқ бояд тибқи нақша шунида шавад ва гуруҳи мазкур бояд дар амалӣ гардонидани сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъол бошад.

Зимни суханрониаш раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоят Раҷабова Зунайда иброз доштанд, ки баҳри  баланд бардоштани маърифатнокии кормандони кумиҷроия тибқи дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати боло бурдани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии мардуми кишвар, расидан ба қадри Истиқлолият ва ҳамаи музаффариятҳову пешравиҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол мо ҳизбиён бояд тамоми малакаву дониш, матонату ҷасоратро истифода намоем.

 Ҳамзамон таъкид доштанд, ки таъмини амнияти иттилоот дар Тоҷикистони маҳбуб, ҳифзи истиқлолу озодии Ватани маҳбуб ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад. Ҷиҳати пешрафти фаъолияти ҳизб, аз ҷумла, барои ҷоннок намудани фаъолияти шуъбаи таблиғот ва иттилоот оид ба дуруст навиштани мақолаву гузоришҳо ба ҳизбиён дастурҳои муфид доданд.

Дар анҷоми сухан иброз доштанд, ки имрӯзҳо хушбахтона мо, аъзои ҲХДТ аз сулҳу ваҳдат ва оромию осудагии ватани соҳибистиқлоламон шукргузорӣ намуда, сарҷамъона барои тадбиқи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» кӯшиш ба харҷ дода, барои ободию гулгулшукуфоии кишварамон саҳми босазои худро мегузорем.

Дар анҷоми маҷлис ба 16 нафар аъзои тозаинтихоби ҲХДТ дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуданд ва бо садо додани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби иштирокдорон, маҷлис пушида эълон гардид.