Фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат қаноатбахш арзёбӣ гардид

2023-01-13

Маҷлиси ҳисоботии КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон, раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода, аъзои КИМ ҲХДТ, аъзои раёсати КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат ва раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ баргузор гардид.

Нахуст, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Ислом Ҳайдарзода назди ҳозирин аз фаъолияти комиҷроияи ҳизб дар соли сипаригардида муфассал ҳисобот дод. Аз ҷумла қайд кард, ки дар ин муддат шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ аз 188 ба 191 адад расида, шумораи аъзои ҳизб то 2728 нафар афзуд.

Сипас, мавсуф доир ба ташкили гуруҳҳои корӣ барои таблиғу ташвиқи Паёми навбатии Сарвари давлат, корҳои дар ин давра анҷомдода, ташаббусу иқдомҳои комиҷроияи ҳизб, кӯмаку дастгириҳо нисбати қишри ниёзманди ҷомеа, пахшу инъикоси маводҳо оид ба фаъолияти ҳизб дар шабакаҳои иҷтимоию васитаҳои ахбори омма, саҳми ҳизбиён дар рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ,  фарҳанг, кишоварзию саноат муфассал гузориш дод.

Дар охир ба КИМ ҲХДТ, собиқ раиси шаҳр Раҳмоналӣ Амирзода ва раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода барои дастгирӣ дар сохтмони бинои маъмурии комиҷроияи ҳизб арзи миннатдории ҳизбиёнро расонд.

Муовини Раиси ҲХДТ Латифзода Асрор Қурбон дар баромади хеш ҳисоботи раиси кумиҷроияи ҳизбро муфассал таҳлил карда, дастоварду мушкилиҳои дохилиро бозгу намуд. Аз ҷумла қайд кард, ки фаъолияти ҳар як ташкилоти ҳизбӣ ин фаъолият дар асоси Оиннома ва Барномаи амали Раиси муаззами ҲХДТ мебошад, ки ин дар кори КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат баръало эҳсос карда мешавад. Бори дигар таъкид намуд, ки ба сифатнокии аъзои ҳизб, ба рушди соҳаҳои кишоварзию саноат ва тандурустӣ низ чун ба соҳаҳои маорифу фарҳанг бештар диққат дода шавад. Ҳамзамон, дастур дод, ки фаъолияти гурӯҳи вакилӣ ва ТҶҶ “Созандагони Ватан”, зери назорати домии кумитаи иҷроия гирифта шавад.

Дар охири суханрониаш номбурда доираи масъалаи ҳаракати аъзои ҳизб, низоми бақайдгирию аз қайдбарорӣ ва таблиғи дурусту ҳаматарафаи Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дастуру роҳнамоиҳо дод.

Узви раёсати Кумитаи иҷроияи ҳизб, раиси шаҳр Мирзо Исмоилзода ба музокира баромада, бо овардани мисолҳои мушаххас доир ба фаъолияти хуби кумиҷроияи шаҳрии ҳизб, саҳми он дар ободонию бунёдкориҳои шаҳр ва иқдомҳои пайгиронаи он ҳисоботро пурра намуда, фаъолияти онро  қаноатбахш ҳисобид.

Ҳамин тавр, раисони ташкилотҳои ибтидоии “Маорифчӣ”, Миралӣ Сайдалӣ, “Марказ”, Шодмон Абдураҳимзода, “Сайёҳ”, Худоёр Ширинбекзода аз фаъолияти ташкилоти худ гузориш дода, ҳисоботи раиси комиҷроияи ҳизбро қаноатбахш ҳисобиданд.

Сипас, бо овоздиҳии якдилонаи аҳли маҷлис нақшаҳои чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат ва баргузории мулоқоту вохӯриҳо доир ба Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ тасдиқ карда шуданд. Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар поёни маҷлис меҳмонон Асрор Латифзода, Раҳмоналӣ Амирзода, Мирзо Исмоилзода ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Ислом Ҳайдарзода ба якчанд фаъолони ҳизбӣ сипосномаҳои ҳизб ва ба аъзои навинтихоб шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супориданд.