ТИ “Варзиш” фаъолияти солонаашро ҷамъбаст намуд

2023-01-13

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Норак, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Варзиш” маҷлиси ҷамъбастӣ доир гардид. Сараввал, зимни баргузории маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Варзиш” Зайниддинов Азамат шунида шуд.

Дар маҷлис масъалаҳо доир ба ҷамъбасти фаъолияти соли 2022 ва тасдиқи нақшаи кории соли 2023, мақсад ва вазифаҳо дар давоми соли равон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Хайруллозода Баҳодур ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Варзиш”-ро қаноатбахш баҳогузорӣ намуда иброз дошт, ки дар якҷоягӣ барои расидан ба ҳадафҳои созандаи ҳизбӣ тамоми кушишу ғайрати худро равона созем.

Мавсуф доираи самтҳои муҳимму афзалиятноки Паёми ироагардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ибрози ақида намуда, қайд дошт, ки дар Паёми ироагардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид омадааст: “Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд”.

Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад.

Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст.

Имсол «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027»-ро қабул намуданд, ки барои ҷавонон заминаи хубе мегузорад.