Паёми умедбахш

2023-01-13

Таҳти ҳамин унвон дар ташкилоти ибтидои ҳизбии "Обтаъминкунӣ"-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент бо кормандон вохӯрӣ доир гардид. Дар оғоз раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Обтаъминкунӣ" Исломзода Баҳриддин ҳисоботи солонаи ташкилоти ибтидоиро ироа кард. Дар вохурӣ мудири шуъбаи ташкилӣ кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент, Муродзода Мастона оид ба фаъолияти босамари ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2022 баромад карда қайд намуд, ки ҳизбиёни шаҳри Панҷакент  бо такя ба ташкилотҳои ҳизбӣ, баҳри дар амал татбиқшавии сиёсати дурбинонаи ҳукумат ва давлат якҷоя корбарӣ менамояд.

Сипас, роҳбари дафтари матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Шириншоҳ Нуруллоев оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баромад намуда, нуктаҳои асосии Паёмро ба ҳозирин таҳлил кард.

Ҳамчунин, раиси собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Холова Ҳамида пиромуни масъалаҳои ҷорӣ ақидаҳои худро баён карда, ёдовар шуд, ки мо собиқадорон ҳамеша шукргузорӣ аз фазои орому осудаи Ватан намуда, баҳри фардои офтобии Тоҷикистони соҳибистиқлол шабу рӯз талош намоем. Дар охир ба якчанд кормандони фаъоли ташкилоти ибтидоӣ Сипосномаву ифтихорномаи Кумитаи иҷроияро дар вазъияти тантанавӣ супориданд.