Натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва вазифаҳо барои соли 2023

2023-01-13

Дар толори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо иштироки Мирзозода Иброҳим Холмурод, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Маликзод Парвина Иноятулло, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қурбонзода Убайдулло, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, аъзои кумита ва раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия доир гардид.

Рўзномаи Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз рӯйи масъалаҳои зерин, гузориши Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ноҳиявии ҳизб дар соли 2022 ва вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2023, ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳое, ки Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ санаи 30 ноябри соли 2022 ироа намуда буданд, тасдиқи нақша – чорабиниҳо оид ба омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 - юми декабри соли 2022, дар бораи тасдиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои нимсолаи аввали соли 2023 баррасӣ карда шуд.

Нахуст, Қурбонзода Убайдулло меҳмононро ба ҳозирин муаррифӣ намуда, масъалаҳои баррасишавандаи рӯзномаи маҷлисро пешниҳод намуд.

Тибқи масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ноҳиявии ҳизб дар соли 2022 шунида шуда, вазифаҳо барои нимсолаи якуми соли 2023 муайян карда шуд.

Сипас, мутобиқи масъалаи дигари рӯзномаи маҷлис Мирзозода Иброҳим Холмурод суханронӣ намуда оид ба роҳбарӣ гирифтан ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳое, ки Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ санаи 30 ноябри соли 2022 ироа намуда буданд, ибрози андеша намуд.

Ҳамзамон, нақша – чорабиниҳо оид ба омӯзиш ва дар амал татбиқ намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 - юми декабри соли 2022 ва нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои нимсолаи аввали соли 2023, дар бораи тасдиқи Сметаи даромад ва хараҷоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои соли 2023 тасдиқ карда шуда, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда дар алоҳидагӣ қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар идома Маликзод Парвина Иноятулло вобаста ба дар амал татбиқ намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми декабри соли 2023, баромад намуда, зикр намуд, ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соле рост омад, ки мардуми шарафманди кишвари азизамон 30 солагии Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифт.    Зарур аст, ки ҳар шаҳрванди ин мамлакат дастовардҳои бузурги даврони соҳибистиқлолиро ба хубӣ дарк намояд.

Дар анҷом як қатор фаъолони ҳизб ҷиҳати саҳми арзанда дар татбиқу ташвиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, бо Ифтихорнома ва Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.