ВОХУРИИ СУДМАНД БО ИШТИРОКИ НАМОЯНДАГОНИ КИМ ҲХДТ

2023-01-13

Бо иштироки Раиси ноҳияи Рӯшон Додхудо Фаррух Муборакшо, Роҳбари Дастгоҳи КИМ ҲХДТ Хонзода Абдураҳмон, мудири шуъбаи таблиғот ва ташвиқоти КИМ ҲХДТ Ширинбеков Садриддин,  Раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ Раҷабова Зунайда, бо мақсади шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми имсолаи Пешвои миллат, аз наздик ошноӣ пайдо намудан аз шароиту зисти сокинони вилоят, ки ҳамеша дар мадди аввали Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, дар  маҷлисгоҳи МТМУ 9 бо аъзои фаъоли ҳизб, собиқадорони меҳнат, ҷавонону занон ва вакилони мардумӣ вохурии судманду самимӣ баргузор карда шуд.

Вохуриро Раиси ноҳияи Рӯшон Додхудо Фаррух Муборакшо ҳусни оғоз бахшида, меҳмонро ба ноҳияи Рӯшон хайру мақдам гуфта, аз номи кулли сокинони ноҳия баҳри дастгирҳои ҳамешагии Раиси муаззами ҲХДТ ва КИМ ҲХДТ изҳори миннатдорӣ баён намуданд. Ҳамзамон,  иқдоми навбатии КИМ ҲХДТ, ба кор даровардани коргоҳи дӯзандагӣ дар маркази ноҳияро шоистаи таҳсин хонданд. Қайд намуданд, ки сокинони ноҳия бар замми ин ғамхориҳо ба он мекушанд, ки сазовори боварии Роҳбарияти Олии кишвар гарданд.

Пасон, Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯшон Саидхонова Холиса аз фаъолияти яксолаи Кумитаи иҷроия ба таври фишурда ҳисобот манзур намуданд. Дар баробари дастовардҳои бадастомада, мушкилиҳои ҷойдошта, тақвият бахшидани корҳои идеологиро низ ёдрас намуданд.

Вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми имсолаи Пешвои миллат, Хонзода Абдураҳмон ба сухан баромада, тамоми паҳлӯҳои Паёмро ба таври фишурда ва бо забони содда фаҳмонда доданд. Ва аз ҳар як аъзои ҳизб ва ҳар як сокини бедордил баҳри амалӣ гаштани ин нақшаҳои дар Паём ба миёнгузошта ташаббускориро тақозо намуда, баҳри рушду нумӯи кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.

Ҳамзамон, Раҷабова Зунайда зимни баромади хеш аз дастовардҳои яксолаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯшон изҳори қаноатмандӣ намуда, ба раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ барои ҳаракати аъзо, супоридани ҳаққи узвият, ба тартиб даровардани ҳуҷҷатгузорӣ ва фаъол будан дар шабакаҳои иҷтимоӣ супоришҳои мушаххас доданд.

Дар охир Раиси собиқадорони меҳнат, Замонов Меҳриддин ва намояндаи ҷавонон Алиназарова Аъло ба сухан баромада, ба Ҳукумати мамлакат, шахсан ба Раиси муаззами ҲХДТ баҳри дастгирҳои ҳамешагияшон изҳори сипос баён дошта, бори дигар иброз намуданд, ки сокинони ноҳияи Рӯшон ҳамеша аз сиёсати дурандешона, хирадмандона ва оқилонаи Пешвои миллат дастгирӣ менамоянд, то баҳри рушду нумӯи ин диёр, умуман Тоҷикистони азиз саҳми боризи худро мегузоранд.