“Раштон–замин” фаъолияти солонаашро ҷамъбаст намуд

2023-01-11

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раштон–замин” бо иштироки Идизода Заррина, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт ва аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии мазкур маҷлиси ҷамбастӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти солона баргузор гардид. Дар маҷлис масъалаҳои ҷамъбасти фаъолият дар соли 2022 ва нақшаҳо барои соли 2023, тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ барои соли 2023, татбиқи нақша-чорабиниҳо дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳал мавриди баррасии ҳаматарфа қарор дода шуданд.

Масъалаҳои дар рӯзномаи маҷлис буда баррасӣ шуда, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Дар охир намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рашт қайд карданд, ки бояд ҳар як аъзо дастуру супоришҳои ҳамешагии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баҳри ободиву хуррамгардонии Ватани азизамон амалӣ намуда, дар шукуфоии меҳани аҷдодӣ саҳмгузор бошанд. Даврони Истиқлол барои миллати мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

Ҳамзамон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Паём самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.