Паём- муждаи нек ба ояндаи дурахшони миллат

2023-01-11

 Дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон, аз тарафи гурӯҳи корӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мадад” бо иштироки аъзои фаъоли ҳизб, раисони маҳаллаҳо ҷиҳати тавзеҳи муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ муовини Раиси ноҳия Ҳоҷимуродзода Ҷасур, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи МИМҲД-и ноҳия Турсунов Абдуқаҳҳор ва мудири бахши кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Эшмуратова Орзигул иштирок намуда, оид ба мазмуну муҳтавои  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ибрози андеша карданд. Зимни суханронии худ ҷанбаҳои муҳимми Паёмро шарҳ дода, таъмини иҷроиши дастуру супоришҳоеро, ки аз Паём бармеоянд, вазифаи муҳим ва пурмасъулияти ҳар яки мо арзёбӣ намуданд.     

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола бо Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуда, ба масоили рушду тараққиёти соҳаҳои ҳаётан муҳимми давлат, пешрафти ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва дигар бахшҳои калидӣ ишораҳои махсус зоҳир намуда, баҳри рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарону мақомоти дахлдор дастуру  супоришҳои мушаххасе доданд.

Мо ҳизбиёни ноҳияи Шаҳристон Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба руҳияи баланди ифтихор аз ватану ватандорӣ  дастгирӣ намуда, онро чун муждаи нек ба ояндаи дурахшони миллати тоҷик ва раҳнамои фаъолияти хеш мавриди омӯзиш қарор медиҳем.