Маҷлиси ҷамъбастӣ дар КИ ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор

2023-01-11

Бо мақсади таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ҷиҳати баргузории маҷлисҳои ҷамъбастӣ аз натиҷаи фаъолият дар соли 2022 ва тарғибу ташвиқи самтҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 23.12.2022 дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа ва коллективҳои меҳнатӣ, дар ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи муҳити зист”-и ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор вохӯрӣ ва ҷаласаи корӣ баргузор карда шуд. Дар чорабинии мазкур нахуст ҳисоботи ташкилоти ибтидоӣ оид ба натиҷаи фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар давоми соли 2022 ва вазифаҳои минбаъда дар соли 2023 шунида шуд.

Сипас, аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор Изатуллои Ҳабибзод самтҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мақоми Олии қонунгузори мамлакат аз 23.12.2022 шарҳу тавзеҳ дода шуд. Дар қисмати охири чорабинӣ масъалаҳои ташкилӣ мавриди баррасии аъзои ташкилоти ибтидоӣ қарор дода шуда, бо пешниҳод ва ҷонибдории аксарият, бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш раиси ташкилоти ибтидоии “Ҳифзи муҳити зист” Файззода Бурҳониддин аз вазифаи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ озод ва сардори навтаъини шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Ҳисор Назирзода Абдуқодир Савзалӣ раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб карда шуд.

Дар суханронии худ Назирзода Абдуқодир Савзалӣ - раиси ташкилоти ибтидоии "Ҳифзи муҳити зист" иброз дошт, ки баҳри татбиқи амалии ҳадафҳои созандаи Оинномаву Барномаи ҲХДТ ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ба таври васеъ истифода хоҳем кард.

Ҳамзамон, ба якчанд нафар кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Ҳисор, ки иродаи сиёсиашонро муайян намуда, ба сафи ҲХДТ аъзо шуда буданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.