Паёми Президенти кишвар тавзеҳ дода шуд

2023-01-11

     Дар маҳаллаҳои Гулистон ва Гулободи ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки муовини Раиси ноҳияи ШоҳмансурНурляминзода Саида, Раиси Кумитаи ироияи ҲХДТ дар ноҳияи ШоҳмансурКаримзода Нилуфар ва ҷалби васеи бошандагони маҳаллаҳои мазкур, дар доираи омӯзиши Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши он дар раванди рушди босуръати кишвар, татбиқи ҳадафҳои созандаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва расидан ба зиндагии шоистаи мардум, вохӯрӣ доир гардид.

Зимни суханронии хеш баромадкунандагон бо такя ба масъалаҳои меҳварии Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро лозим аст, ки барномаҳои миёнамуҳлати рушди шуғлро омода ва амалӣ намояд.

Бо мақсади соҳибкасб намудани шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ лоиҳаи барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёнаро аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ таҳия ва амалӣ намояд.

Дар ин ҷода таъсис додани ҷойҳои корӣ ва фарогирии пурраи аҳолӣ бо шуғл вазифаи аввалиндараҷаи тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, ҳар як роҳбари сохтору мақомоти давлатӣ ва соҳибкорон ба шумор меравад. Ҳукумати мамлакат то соли 2026 бо истифода аз тамоми имкониятҳо дар бобати ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ чораҷӯӣ намояд.

Дар ин самт баҳри беҳтар гардонидани сифати таҳсилоту касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва омӯзиши ихтисосу ҳунарҳои барои бозори меҳнат зарурӣ, хусусан, ҷавонон ва занону бонувон тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд.