Фаъолияти ТИ “Меҳрбахш” ҷамъбаст гардид

2023-01-11

Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Меҳрбахш» маҷлиси ҷамъбастӣ баргузор гардид. Дар кори он Ҳабибзода Зоҳир, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Қурбонзода Умеда, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Меҳрбахш» ширкат варзиданд.

Нахуст, Қурбонзода Умеда, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Меҳрбахш» аз фаъолияти солони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ҳисобот дод. Сипас, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ҳабибзода Зоҳир нуктаҳои асосии  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳозирин шарҳу тавзеҳ доданд. Мавсуф қайд намуд, ки дар  Паём самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон, стратегияву барномаҳои рушди устувори мамлакат тарҳрезӣ гардида, барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва таъмини рушди устувори мамлакат, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳамчун ҳадафи олии давлату ҳукумат баррасӣ гардидаанд. Паём на танҳо дурнамо ва пешрафти кишвари моро ба як соли оянда, балки ба даҳсолаҳои дигар муайян ва мушаххас менамояд.

Сарвари давлат ишора намуданд, ки ҳадаф аз стратегияву барномаҳои қабулшуда ва вазифаҳое, ки дар Паёми навбатӣ мушаххас гардиданд, пеш аз ҳама таъмини пешрафти иқтисодиёт, ободии Ватан ва муҳимтар аз ҳама баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми Тоҷикистон мебошад. Амалӣ намудани ин нақшаҳои наҷибу созанда аз ҳар як сокини Тоҷикистон масъулияти баланд, ҳисси ватандӯстиро баҳри шукуфоӣ ва пешрафту ободии Ватани азизамон тақозо менамояд.

Аъзои фаъоли ҳизб аз рўи масъалаи сеюми рўзнома, нақшаи корӣ ва ҷадвали  баргузории хонишҳои сиёсиро дар ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ якдилона тасдиқ намуданд. Дар анҷом ба як қатор ҷавонон шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуд.