Ҷамъбасти фаъолияти яксолаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯшон

2023-01-10

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи КИ ҲХДТ дар ВМКБ, бо иштироки муовини раиси ноҳияи Рӯшон Чоршанбезода Лайлоаъзои КИ ҲХДТ дар ноҳия, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолони ҳизб, намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан", дар толори маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии "Маориф" маҷлиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯшон баргузор гардид.

Маҷлисро Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯшон Саидхонова Холиса бо баррасии 6 масъала оғоз намуд. Вобаста ба масъалаи якуми рӯзнома, ҳисоботи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯшон оид ба фаъолияти яксолаи кумита ва нақшаҳо барои соли 2023 шунида шуд. Сипас, Ҷафариева Арамбегим, раиси ташкилоти ибтидоии "Маориф" ва Алиназарова Аъло, раиси ташкилоти ибтидоии "Хирад" ба музокира баромада, ҳисоботи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯшонро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Баъди баррасии масъалаҳои маҷлис, қарорҳои дахлдор қабул гардиданд. Ҳамзамон, бо иқдоми КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯшон, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии "Тоҷикистон Ватани азизи ман" ва "Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст" бо Сипоснома ва мукофоти пулӣ дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ гардиданд.

Муовини раиси ноҳияи Рӯшон Чоршанбезода Лайло низ фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯшонро қаноатбахш арзёбӣ намуда, қайд карданд, ки минбаъд аз ин бояд зиёдтару хубтар дар самти идеология фаъолият ба роҳ монда шавад. Иброз намуданд, ки танҳо сулҳу субот ва фазои тинҷу оромӣ имконият медиҳад, ки ҳадафҳои сарнавиштсоз амалӣ гарданд. Ҳамаи пешрафту тараққиёт аз оромиву якдилӣ оғоз мегардад. Ва аз ҳар як аъзо тақозо намуданд, ки зираку ҳушёр бошанд ва дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми боризе гузоранд.