Паём роҳнамои фаъолият

2023-01-10

Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод мулоқоти гурӯҳи тарғиботӣ бо намояндагони ташкилоту муассисаҳои маркази ноҳия вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 23 декабри соли 2022 ба Маҷлиси Олии мамлакат ироа гардида буд, баргузор гардид.

Дар ҷамъомад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод Туйғун Шарифзода ва аъзои гурӯҳи тарғиботӣ-сармуҳаррири рузномаи “Зарбдор” Аббос Иброҳимов иштирок намуда, вобаста ба банду бобҳои Паём маълумот доданд. Қайд карда шуд, ки Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ниҳоди олии қонунгузори кишвар ва сокинони Тоҷикистон имсол бо дастурҳои нави созандагӣ ирода гардида, муайянкунандаи сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро дар бар гирифтааст.

Дар Паём аз ҷумла зикр гардид, ки сокинони кишвар аз комёбиҳои солҳои соҳибистиқлолӣ ба дастовардашуда ва самтҳои асосии рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат барои солҳои оянда огаҳӣ ёфта, Сардори давлат ба мақомоти ваколатдору дигар субъектҳои хоҷагидорӣ дастуру супоришҳои ояндасози хешро доданд. Масалан оварда шуд, ки соли 2022 сатҳи таваррум дар бозори истеъмолии Тоҷикистон 4,2 фоизро ташкил дод, ки ин яке аз беҳтарин нишондиҳандаҳо дар байни кишварҳои ИДМ мебошад. Ё ин ки даромади умумии пулии аҳолӣ дар ин давра аз 41, 1 млрд сомонӣ то ба 87,2 млрд сомонӣ баробар гардида 2,1 маротиба зиёд шудааст.

 Ҳамчунин зиёд гардидани маоши соҳаҳои алоҳида, таваҷҷуҳи хосса ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ - маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, масъалаҳои гиромидошти арзишҳои миллӣ аз нуктаҳое, буданд, ки дар сӯҳбат мавриди мубодила қарор гирифтанд. Аз ҷониби иштирокдорон омӯзгори Коллеҷи политехникӣ Шодиева Фируза ва омӯзгори МТМУ №13 Маъмурова Зулола ба сухан баромада, андешаҳои худро баён намуданд. Тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон байни сокинони ноҳияи Зафаробод идома дорад.