Маҷлиси ҳисоботии ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино” баргузор гардид

2023-01-10

Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Норак, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино” маҷлиси ҷамъбастӣ гузаронида шуд.

Сараввал, ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Ворисони Сино” Қаҳҳорзода Тағоибек пешниҳод гардида,  он аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Ҳасанзода Шаҳло Ҳасан қаноатманд баҳогузорӣ шуд. Мавсуф зимни суҳбат иброз дошт, ки дар якҷоягӣ барои расидан ба ҳадафҳои созандаи ҳизбӣ тамоми кушишу ғайрати худро равона созем ва барои сазовор ҷашн гирифтани 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошем.

Ҳамзамон, оид ба самтҳои асосӣ ва муҳимму афзалиятноки Паёми ироагардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар зикр дошт, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат аз 5 миллион нафар дар соли 1991 то ба 10 миллион нафар дар моҳи июли соли 2022 афзоиш ёфтааст, яъне ду баробар зиёд гардидааст.

Барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он, бунёди муассисаҳои нав, азнавсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо зарур мебошад. Бо ин мақсад, танҳо дар ду соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба муассисаҳои тандурустии кишвар ба маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ беш аз 200 номгӯй таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир дастрас карда шудаанд.

Бо вуҷуди он ки дар самти пешгирӣ кардан ва табобати беморон дастоварду пешравиҳои муайян ба назар мерасанд, вале ҳанӯз масъалаҳои тарбияи кадрҳо, хусусан, дар коллеҷҳои тиббии чӣ давлатӣ ва чӣ хусусӣ, аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳо бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ ва сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳбудӣ металабанд.