Нақши Паём дар рушди соҳаи тандурустӣ

2023-01-10

Дар доираи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, дар баробари дигар самту соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеаву давлат, чандин масоили соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ мавриди таҳлилу баррасии мушаххас қарор гирифт, ки ин нуктаҳо барои инкишофи ин равандҳои зарурии ҷомеаи кишвар нақши бориз бозида метавонанд.

​Роҳбари давлат дар ин васила чанд паҳлӯи муҳимми соҳаҳои тандурустии мамлакат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ба таври дақиқ таҳлил намуда, аз ҷумла изҳор намуданд, ки “...агар то соли 1991, яъне дар 70 соли замони гузашта дар мамлакат ҳамагӣ 2862 муассисаву иншооти тандурустӣ бо 52 ҳазору 800 нафар корманд фаъолият дошта бошад, пас дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан, дар 25 соли охир 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта, ба истифода дода шудааст”.

​Ҳамчунин, Пешвои муаззами миллат дар ин росто бо таваҷҷуҳ ба далелҳои оморӣ қайд намуданд, ки “ҳоло шумораи муассисаҳои тандурустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳо ба 79 ҳазор расидааст”.

​Мавриди зикр аст, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар қатори дигар самтҳои афзалиятноки ҷомеа дар давоми солҳои истиқлолӣ доиман зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати кишвар ва хосатан таҳти назари Сарвари давлат қарор дошта, дар шароити имрӯза бевосита бо ҷаҳду талошҳои пайвастаи роҳбарияти олии кишвар имрӯза ба яке аз самтҳои пешрафта табдил ёфтааст. Барои тақвияти ин гуфтаҳо инак боз ба нуктаҳои Паёми Роҳбари давлат назар медӯзем.

Президенти кишвар дар ин маврид аз ҷумла қайд намуданд, ки “дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат аз 5 миллион нафар дар соли 1991 то ба 10 миллион нафар дар моҳи июли соли 2022 афзоиш ёфтааст, яъне ду баробар зиёд гардидааст.

Барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он бунёди муассисаҳои нав, азнавсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо зарур мебошад.

Бо ин мақсад, танҳо дар ду соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба муассисаҳои тандурустии кишвар ба маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ беш аз 200 номгӯй таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир дастрас карда шудаанд”.

Яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки дар ин васила дар доираи Паём Сарвари давлат таъкид доштанд, масъалаи таъмини кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиб буд. Вобаста ба ин масъала Роҳбари давлат изҳор доштанд, ки “бо вуҷуди он ки дар самти пешгирӣ кардан ва табобати беморон дастоварду пешравиҳои муайян ба назар мерасанд, вале ҳанӯз масъалаҳои тарбияи кадрҳо, хусусан, дар коллеҷҳои тиббии чӣ давлатӣ ва чӣ хусусӣ, аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳо бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ ва сатҳи хизматрасонӣ ба аҳолӣ беҳбудӣ металабанд. Вобаста ба ин, бори дигар хотиррасон менамоям, ки рушди саноати дорусозӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад”.

​Ҳамвора ба соҳаи тандурустии кишвар, инчунин дар Паёми Роҳбари давлат ба масоили ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ бевосита таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Дар атрофи ин масъалаи зарурии давр Пешвои миллат аз ҷумла таъкид намуданд, ки “дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 19 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2022-юм 4,3 миллиард сомонӣ равона карда шуд.

Дар баробари ин, то охири соли 2022 ба 475 ҳазор шаҳрванди эҳтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт карда мешавад ва ба ин мақсад 285 миллион сомонӣ равона мегардад”.

Раванди бонизоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар нақшаи миёнамӯҳлат ва дурнамои Ҳукумати кишвар ба таври мушаххас тарҳрезӣ шуда, доиман зери таваҷҷуҳи Роҳбари давлат аст.

Бо ин назардошт, дар Паёми навбатӣ низ зикр гардид, ки “..ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми азизамон мебошад.

Дар робита ба ин, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии кишварро нигоҳ дошта, соли 2023 суръати рушди иқтисодиро дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин намояд.

Дар ин замина, соли 2023 даромади умумии пулии аҳолӣ 15 фоиз афзоиш ёфта, ба 100 миллиард сомонӣ баробар мегардад”.

Дар ҷамъбасти ин далелҳои муҳимми Паёми навбатии Роҳбари давлат метавон холисонаву мунсифона афзуд, ки таваҷҷуҳу талошҳои пайвастаи Пешвои миллат ба соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ боиси баландравии сатҳу сифати соҳаи мазкур гардида, сол то сол дастовардҳои назаррасро ноил мегардад.


Сафарзода Абдулло Мумин,

Раиси КИИ "Ворисони Сино",

Директори МД МТШ 1 ба номи

Карим Ахмедов д.и.т