Шарҳу тавзеҳи муҳтавои Паëми Пешвои миллат ба фаъолони шаҳри Хоруғ

2023-01-10

Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони касбу кори гуногуни шаҳри Хоруғ вохӯрӣ анҷом доданд.

Дар вохӯрии мазкур вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гиёзода Азиз Қодир, Раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ, Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ Имомназаров Соҳибҷон, аъзои фаъол, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҲХДТ, вакилони Маҷлиси вакилони халқии вилоят ва шаҳри Хоруғ ва фаъолони шаҳри Хоруғ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Вохӯриро раиси шаҳри Хоруғ Назарзода Ризо Шодӣ ифтитоҳ намуда, иброз намуд, ки бо дастури Пешвои муаззами миллат аъзои Ҳукумати мамлакат ва вакилони палатаи поëнии Маҷлиси Олӣ пайваста ба шаҳри Хоруғ ташриф оварда, дар пешрафту шукуфоии он саҳм мегузоранд. Вобаста ба ин қайд намуд, ки мақомоти шаҳрдорӣ бо такя ба ирода ва масъулияти шаҳрнишинии сокинони шаҳр кӯшиш менамояд, ки ҳадафҳои Олии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паëми навбатӣ гузошта шуданд, дар шаҳри Хоруғ амалӣ гардида, сатҳи зиндагии сокинони маркази маъмурии вилоят боз ҳам боло хоҳад рафт.

Сипас Гиëзода Азиз Қодир, намояндаи сокинони шаҳр дар палатаи поëнӣ ба сухан баромада, паҳлуҳои асосии Паëмро бо таҳлилҳои мушаххас ба ҳозирин пешкаш намуд. Ҳамзамон, иброз намуд, ки имрӯз таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат ба рушду пешрафти шаҳри Хоруғ зиëд буда, маҳз барои ҳамин пас аз таъмини волоияти қонун шаҳри Хоруғ ба марҳилаи нави рушд қадам ниҳод. Номбурда арз дошт, ки ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагон баҳри вусъат ëфтани корҳои бунëдкорӣ ҳамаҷониба кӯшиш намуда, дар таҳия ва қабули қонунҳои мукаммал ва ба манфиати ҷомеаи мамлакат иштироки бевосита дорад. Инчунин қайд гардид, ки муроҷиатҳои сокинони шаҳр, ки ба унвони вакилони мардумӣ дохил мегарданд, дар сатҳи мақомоти марказии Ҳукумати мамлакат баррасӣ гардида, кӯшиш намуда истодаем, ки дархосту муроҷиати сокинон ба таври мусбӣ ҳал гарданд.

Дар идомаи вохурӣ инчунин баромадкунандагон зимни суханрониашон иброз намуданд, ки ҳамасола Роҳбари давлат бо Паёми солона, ки фарогирӣ самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мебошад ба мақоми қонунгузории мамлакат муроҷиат менамоянд. Паём ҳуҷҷати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ ба шумор рафта, барои рушди ҳамаи соҳаҳо заминаҳои ҳуқуқӣ мегузорад.

Зикр гардид, ки дар Паёми Роҳбари давлат муждагонӣ барои миллат расонида шуд, ки ин бо иттифоқи оро бо Қатъномаи Маҷмааи Умумии Созмони Миллаи Муттаҳид қабул гардидани пешниҳоди панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълони соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” мебошад, ки нуфузи кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам боло бардошт.

Гуфта шуд, ки дар Паём Роҳбари давлат оид ба вазъи мураккаб ва пешгӯйинашавандаи ҷаҳон ёдовар шуда, шаҳрвандони мамлакатро ба муттаҳидию сарҷамъӣ ва таҳкими истиқлолу ваҳдати миллӣ ҳидоят намуданд.

Дар идома нотиқон оид ба риояи қонунҳои амалкунандаи кишвар, ба хусус қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ишора намуда, аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки бо дарки баланди масъулият дар иҷрои қонунҳо фаъолнокӣ нишон диҳанд.

Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат давлату Ҳукумати мамлакат ба соҳаи маориф афзалияти бештар дода, ҷиҳати рушди соҳа тадбирҳои судмандро амалӣ намуда истодаанд, зикр гардид, дар вохӯрии мазкур.