Вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда муайян гаштанд

2023-01-09

Имрӯз бо иштироки кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ, аъзои гурӯҳи вакилони ҳизбӣ, намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», Шӯрои собиқадорони ҳизб, раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолони ҳизб дар толори маҷлисгоҳи ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Раёсати молия» маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ баргузор гашт, ки дар кори он намояндаи КИМ ҲХДТ, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор Қурбон ва намояндаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Рӯдакӣ, Воҳидзода Ҷамшед Камол  ширкат доштанд.

Ба баррасии рӯзномаи маҷлис масъалаҳои зерин:

1. Интихоби Раёсати КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ;

2. Интихоби раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ;

3. Гузориши раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ аз натиҷаи ҷамъбасти фаъолияти кумитаи иҷроия дар соли 2022;

4. Баррасии нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон, ки 23 декабри соли 2022 ироа гардида буд;

5. Тасдиқи Нақшаи кори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ барои нимсолаи якуми соли 2023 пешниҳод гардида, пас аз муҳокимаву баррасии пурраи онҳо, доир ба ин масъалаҳо аз ҷониби иштирокдорон қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Аз ҷумла, дар доираи баррасии масъалаҳои якум ва дуюми рӯзномаи маҷлис, тибқи талаботи банди 4.13-и Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ иборат аз 7 нафар ва тибқи талаботи банди 4.19-и Оинномаи ҲХДТ, Юсуфзода Ҳамзаалӣ Файзулло маротибаи дигар ба ҳайси раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ интихоб гардид.

Пас аз баррасии масъалаҳои ташкилӣ, вобаста ба масъалаи сеюми рӯзномаи маҷлис раиси тозаинтихоби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ Юсуфзода Ҳ. Ф. дар назди ҳизбиёни ноҳия аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ дар соли 2022 гузориш дода, ҷиҳати вусъатбахшии фаъолияти минбаъда дар назди ҳозирин вазифагузорӣ намуд.

Доир ба масъалаи чоруми рӯзномаи маҷлис бошад, аъзои гурӯҳи вакилони ҳизбӣ, вакил аз ҳавзаи интихоботии Истиқлол, №4 Ҳамидзод М. Б. ба сухан баромада, нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии мамлакат ва мардуми шарифи Тоҷикистон, ки 23 декабри соли 2022 ироа гардида буд, шарҳу тавзеҳ дод.

Дар доираи муҳокимаву музокирарониҳо раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нури тиб» Одилов Т. А. ва аъзои фаъоли ҳизб, сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии «Насими айём» Шобудинова Р. Н. ва дигарон фаъолона ширкат варзида, натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакиро давоми соли 2022 қаноатбахш ва дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки аз Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, чун роҳнамо дар фаъолияти минбаъда арзёбӣ карда, иҷрои саривақтии онҳоро вазифаи аввалиндараҷаи худ ҳисобиданд.

Сипас, ҳозирини маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ бо мақсади баррасии масъалаи панҷуми рӯзномаи маҷлис, бо лоиҳаи Нақшаи кори Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ барои нимсолаи якуми соли 2023 шинос шуда, бо ворид намудани баъзе тағйиру иловаҳо ва қабули қарори дахлдор онро тасдиқ карданд.

Дар интиҳои кори маҷлис, муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода А. Қ. аз ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ давоми соли 2022 натиҷагирӣ карда, дар маҷмуъ, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар давраи ҳисоботӣ хуб баҳогузорӣ намуда, ба роҳбарият ва кормандони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Рӯдакӣ, инчунин раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва фаъолони ҳизб ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолият ва зиёд кардани шумораи аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», афзоиш додани сафи аъзои ҳизб ва шумораи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ аз ҳисоби хоҷагидорону кормандони соҳаи кишоварзӣ, вусъатбахшии корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ миёни ҷавонону наврасон ва дар замири онҳо бедор кардани ҳисси худогоҳиву хештаншиносӣ ва ба ин васила зиёд кардани шумораи даъватшавандагони ихтиёрӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, ташкили гурӯҳҳои мобилии таблиғотчиён аз ҳисоби аъзои гурӯҳи вакилони ҳизбӣ, собиқадорони ҳизб ва мутахассисону коршиносон ва ба самъи қишрҳои гуногуни ҷомеа расонидани моҳият ва нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин тавсеа бахшидани корҳои дохилиҳизбӣ ва ислоҳу бартарафсозии камбудиҳои дар фаъолият ҷойдошта, дастуру супоришҳои мушаххас дода, барои фаъолияти минбаъда вазифаҳоро муайян карданд.