Нақшаи чорабиниҳои шаҳри Душанбе оид ба «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026» тасдиқ гардид

2022-03-01

Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати амалисозии «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022–2026» тасдиқ гардид, хабар доданд дар шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Тавре қаблан иттилоъ дода будем, барномаи мазкур баҳри рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, намудҳои гуногуни варзиш ва таъсиси шароити варзишӣ таҳия гардида, идомаи мантиқии «Барномаи маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» мебошад. Бояд гуфт, ки варзиш яке аз воситаи беҳтарини таҳкими дӯстӣ миёни инсонҳо ва кишварҳои чаҳон буда, чун омили муҳими ҷаҳоншиносии инсон, ба ҳамдигар муаррифӣ ва наздик гардидани халқияту миллатҳо, инчунин кишварҳои гуногуни чаҳон хизмат мекунад. Ба ин хотир соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, ба таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, омодасозии варзишгарони касбии тоҷик ҷиҳати иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Тибқи қабули барномаи нави давлатӣ афзоиши шумораи шаҳрвандоне, ки ба таври тартибӣ ба варзиши ҷисмонӣ машғуланд, дар назар аст. Инфрасохторҳои варзишӣ дар кишвар дар ҳоли рушд қарор дошта, шумораи онҳо ба 10 218 адад расидааст. Дар ҳамин ҳол шумораи зиёди насли наврасу ҷавон ба варзиш рӯ овардаанд, ки ҷараёни машқкунии онҳо бояд тибқи низоми муайян танзим карда шавад.