Натиҷагирӣ аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон» дар соли 2021

2022-01-21

Бо иштироки муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Муродов Ҷурабек, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор  ва раиси  кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”- Раҳимӣ Фарҳод  маҷлиси ҷамъбастии ҳисоботӣ  оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти кумитаи иҷроияи ибтидоии мазкур ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2021 баргузор гардид.
  Сараввал Фарҳод Раҳимӣ–раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Хирадмандон» оид ба фаъолияти кумитаи иҷроияи ибтидоии “Хирадмандон”  дар соли сипаригардидаи 2021 фишурда ҳисобот дод.
 Сипас Муродов Ҷурабек – муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ба сухан баромада афзуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳамчун нерӯи  сиёсӣ бо диду назари нав ба саҳнаи сиёсат омад ва дар муддати начандон тӯлонӣ дар ҷомеа нуфузу ҷойгоҳи арзандаро соҳиб гашта, аз оғози таъсисёбии худ то имрӯз дар пешрафти кишвари азизамон нақши сазовор гузошта истодааст. Бо талошҳои пайгиронаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон   ҳама самтҳои хоҷагии мамлакат рушд ёфта, мардуми шарифи кишвар ба зиндагии шоиста расид. Дар соҳаи илму техника ва фановарӣ пешравиҳои назаррас бараъло ҳуввайдост.  Дар тарғиби идеологияи миллӣ ҲХДТ нақши бориз дорад. Дар ин радиф аз  ҳар як шаҳрванди ватандӯсти ин сарзамин, бахусус, ҳар як узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақозо мегардад, ки амалӣ намудани  ҳадафу ормонҳои ба фардои неки давлат ва халқи тоҷик нигаронидашударо самимонаву аз дил ҷонибдорӣ ва амалӣ намояд. Инчунин, ҳамаи аъзои ҳизб ва кумитаи иҷроияи ибтидоии Хирадмандонро бобати сазовор гаштан ба мақоми дуюм дар фестивал-озмуни “Беҳтарин ҳизбӣ” дар наминатсияи “Кумитаи беҳтарин” дар сатҳи пойтахт таҳният намуд.
 Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор аснои суханронии худ иброз намуд, ки ҲХДТ дар тарбияи шахсияти худшиносу ватандӯст, дорои масъулияти баланди итҷимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва ба камол расонидани фардеро, ки равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯзаро дошта бошад,  саҳми назаррас дорад.  Инчунин, оид ба масъалаҳои набзи ҷомеа, баланд бардоштани мавқеъ ва нуфузи ҲХДТ дар ҷомеаи кишвар, баланд бардоштани иродаи сиёсии аҳли ҷомеа ва амсоли ин мавзӯҳо суханронӣ намуданд. Бобати масъалаҳои дохилиҳизбӣ, тақвият бахшидани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва баланд бардоштани нуфузи ҳизб дар ҷомеа дастуру ҳидоятҳо дода шуд.
 Сипас як гуруҳ кормандоне, ки иродаи сиёсии худро муайян карда,  ба сафи ҲХДТ қабул шуданд, дар лаҳзаи тантанавӣ ба онҳо шаҳодатномаҳои ҲХДТ дода шуд ва фаъолон бо ифтихорнома ва сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур  ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарфароз гардиданд.