Дар Душанбе озмуни «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ» баргузор мешавад

2022-03-01





Соли 2022 миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмуни шаҳрии «Забон донӣ — ҷаҳон донӣ» баргузор мешавад. Тибқи қарори дахлдор, ҷиҳати ташкил ва баргузории озмуни мазкур аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 175 ҳазору 120 сомонӣ маблағ ҷудо гардид, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Озмуни мазкур бо мақсади ҷалби оммавии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба забономӯзӣ, инкишофи зеҳнӣ ва ҷаҳонбинӣ, сайқал додани заковат ва малакаҳои забондонӣ, дарёфт, муаррифӣ ва ҳавасмандгардонии истеъдодҳои нав дар ин самт доир мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2021 зимни ироаи Паёми солона ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки "таълими забонҳои хориҷӣ, махсусан, русиву англисӣ бояд дар тамоми факултаву шуъбаҳои мактабҳои олӣ боз ҳам беҳтар ба роҳ монда шавад. Зеро Тоҷикистон ҳоло бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад".