Аёдати маъюбон дар Соли нав

2022-12-30

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод дар арафаи Соли Нав ба оилаҳои ниёзманд ва маъюб кумаки яквақтаи ғизоӣ дастрас намуд.

Зимни суҳбат  Раиси  Кумитаи ичроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод Латипов Шавкат иброз намуд, ки масъалаи дастгирии ҳамешагии маъюбон, оилаҳои ниёзманд, пирони барҷомонда ва ятимон дар саргаҳи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат қарор дорад.

 Ҳамзамон зикр гардид, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат дар соҳаи иҷтимоӣ минбаъд низ бомаром идома ёфта, бо мақсади дастгирии давлатии ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат, собиқадорони меҳнат ва беҳтар гардонидани дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои гуногуни давлатӣ доир ба масъалаи муқаррар намудани дастгирии иловагии давлатӣ тавассути кӯмакҳои суроғавии иҷтимоӣ чораҳои муассир андешида мешаванд.

Аёдатшудагон низ дар навбати худ аз ин таваҷҷуҳу самимият ва ғамхории доимӣ ба Президенти мамлакат, Раиси маҳбуби ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннадорӣ намуда, изҳори хурсандӣ намуданд, ки маҳз бо иқдому роҳнамоии пайвастаи Роҳбари мамлакат ин амали нек ба ҳукми анъана даромадаст.