Соли нав муждаи навгонӣ

2022-12-30

Имрӯз мову Шумо Соли нави 2023-юмро бо рӯҳияи баланд, зери таассуроти нек аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, истиқбол мегирем.

Дар ҳақиқат, соли 2022 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли мо бо дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ хотирмон монд.

Аъзои фаъоли ҳизб сиёсати сулҳҷӯёна ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бобати таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва пешбурди хоҷагии халқи мамлакат ҳаматарафа дастгирӣ мекунанд, азму ирода ва нерӯи имкониятҳои хешро барои шукуфоии Ватани маҳбубамон дареғ намедоранд.

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар назди мо аъзоён вазифаҳои пурмасъулияте гузоштаанд, ки вобаста ба ҳалли саривақтии масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ ва фароҳам овардани шароит ҷиҳати зиндагии арзандаи мардум, аз ҷумла бо роҳи мунтазам таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ, баланд бардоштани музди меҳнати кормандон ва нафақа, бунёди инфрасохтори мусоид дар сатҳи маҳал ва бартараф намудани мушкилоти норасоии соҳаи кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Бовар дорам, ки аъзои фаъоли ҳизб дар ноҳияи Шаҳринав барои бо сифати баланд иҷро гардидани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар якҷоягӣ бо раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии муассисаҳо, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дастгирии соҳибкорони ватанӣ ҳамкориҳои хубу созандаро ба роҳ монда ва то ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми нақшаҳо ва дурнамои корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳияро ба пуррагӣ таъмин менамоем.

Дар арафаи Соли нав тарҳрезии нақшаҳо барои соли оянда ба ҳукми анъана даромадааст. Итминон дорам, ки дар соли 2023-юм дар ноҳия корҳои созандагию бунёдкорӣ, иқдому ташаббусҳои наҷиб вусъати бештар пайдо карда, худшиносиву худогоҳии миллӣ густариш меёбанд ва мардуми сарбаланди ноҳия дар муаррифӣ ва пешрафти хоҷагии халқ, ҳифзи арзишҳои миллӣ дучанд ҷаҳду талош хоҳанд кард.

Бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки ояндаи дурахшони Тоҷикистон ба татбиқи ҳадафҳои Стратегии давлат, аз он ҷумла саноатикунонии босуръати мамлакат, бунёди иншоотҳои энергетикӣ, роҳҳо, таъмини амнияти озуқаворӣ ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат вобаста мебошад. Барои татбиқи ин ҳадафҳои наҷиби стратегӣ, ки ҳамаи онҳо дар маҷмӯъ ба таҳкими давлатдории миллиамон мусоидат хоҳанд кард, вазифаи ҳар фарди бонангу номуси ноҳия мебошад, ки дар назди Ватан–Модар рисолати фарзандӣ ва масъулияти шаҳрвандии худро содиқонаву софдилона адо карда, барои ободиву шукуфоии Ватани азизу муқаддасамон кӯшишу талоши пайваста менамоянд.

Итминони комил дорам, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Шаҳринав дар соли нав низ бо саъю талоши дучанд заҳмат кашида, дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи ноҳия ба дастовардҳои боз ҳам бештар ноил мегарданд.

Бо ҳамин таманниёти нек бори дигар тамоми ҳамватанони азиз, аз он ҷумла, сокинони ноҳияро бо фарорасии Соли нави мелодии-2023 самимона табрику таҳният гуфта, пеш аз ҳама тандурустию осоиштагӣ, файзу баракати хонадон ва бурдбориҳои меҳнатиро таманно менамоям.

Бигзор соли нави 2023 барои Тоҷикистони азизи мо соли пурфайзу бобаракат, соли татбиқи ҳадафҳои созанда, соли пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва зиндагии шоистаи мардуми диёр бошад.

 Соли нави мелодӣ муборак ҳамҳизбиёни азиз!