Чорабинии солинавӣ дар қисми ҳарбии Гвардияи миллӣ

2022-12-30

Дар қисми ҳарбии 051054-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ аз ҷониби Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб ба афсарону сарбозони ин қисми ҳарбӣ дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд.

Нахуст, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода дар саҳни қисми ҳарбии мазкур бо афсарону сарбозон  вохӯрӣ намуд.

Зимни суханронӣ раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб И. Мирзозода онҳоро ба Соли нави мелодии 2023 табрику шодбош гуфта, нуктаҳои муҳимми Паёми имсолаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии мамлакатро шарҳу тавзеҳ дод.

Гуфта шуд, ки Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳ намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки: “соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд. Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд”.

Таъкид гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавононро мактаби ҷавонмардӣ унвон карданд, ки ин баҳои баланду сазовор аст. Аз ин рӯ, ҷавонони синни даъватиро мебояд, ки баҳри хизмат ба Ватан камари ҳиммат банданд ва аз иҷрои ин рисолат ва мактаби бузург бо сарбаландӣ бароянд.

Дар идома изҳори умед карда шуд, ки дар оянда аз афсарону сарбозони ин қисми ҳарбӣ хизматчиёни хуб бо воя мерасад ва онҳо метавонанд корҳои назаррасу шоёнеро барои халқу ватан анҷом диҳанд.

Дар охир барномаи фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони маҳбуби кишвар хотири афсарону сарбозонро шод намуд.