Дастгирии ҳомиёни Ватан

2022-12-30

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри дастгирии ҳамешагии сарбозони қисмҳои ҳарбӣ, бо иқдоми КИ ҲХДТ дар ВМКБ дар ҳамдастӣ бо ТҶ Мададгори мудофиа дар ВМКБ, бахшида ба соли Нави милодӣ санаи 29.12.2022 дар дидбонгоҳи сарҳадии рақами 3-и деҳаи Шидзи Ҷамоати деҳоти М. Абдулвосиев барои афсарону сарбозони дидбонгоҳ дастархони идона ва чорабинии фарҳангӣ ташкил карда шуд.

    Пеш аз оғози расмии чорабинӣ гурӯҳи вилоятӣ аз шароит ва будубоши дидбонгоҳ дидан намуда, Раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ Раҷабова Зунайда ба сарбозон мужда расонд, ки дар соли 2023 бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дидбонгоҳи замонавӣ муҷаҳҳаз бо тамоми шароитҳо сохта ба истифода дода мешавад.

Баъдан чорабиниро муовини сардори дидбонгоҳ ҳусни оғоз бахшида, ба Ҳукумати мамлакат, ба МИҲД-и  ВМКБ ва МИҲД-и ноҳия, КИ ҲХДТ дар ВМКБ ва ноҳия аз номи сарбозон миннатдорӣ баён намуданд.

Раиси КИ ҲХДТ дар ВМКБ кулли афсарон ва сарбозонро ба муносибати Соли нави милоди табрику таҳният намуда, барои ҷасорату матонат ва садоқат ба Ватан изҳори миннатдорӣ баён намуда,, бархе аз афсарону сарбозон, ки содиқона ба Ватан хизмат менамоянд бо Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ВМКБ қадрдонӣ гардиданд.

Ҳамзамон ёдовар шуд, ки туфайли сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат имрӯз якдиливу ваҳдат, дӯстиву бародарии байни минтақаҳо пойдор буда, сокинон бо рӯҳияи болидаву хотири ҷамъ дар фазои ободу озод кору зиндагӣ доранд. Ин нишони саодати миллат аст ва аз ҳар як шаҳрванди бонангу ори кишвар тақозо мекунад, ки ба хотири боз ҳам ободу шукуфоии диёр ва созандагӣ саҳме дар пешрафти кишвари  худ гузорад.

Аз тарафи хонаи фарҳанги деҳаи Шидз ва ҳаваскорони ин деҳа барномаи ҷаззоби фарҳангӣ ба сарбозон  пешкаш гардид.