Тақдими туҳфаҳои солинавӣ аз номи Раиси ҲХДТ ба афсарону сарбозони қисми ҳарбии 45075-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

2022-12-29

29-уми декабри соли равон вохӯрии Раисони Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Тоҷикобод ва Лахш бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии 45075-и Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ҷиҳати амали намудани Фармоиши муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз 24.12.2022 таҳти №151 “Дар бораи баргузории чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ дар қисмҳои низомии ҷумҳурӣ”, Қарори Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Маркази Ҳизбии Халқии Демократии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2022, Нақшаи Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ дар самти  тарбияи ҳарбӣ-ватанпарастии ҷавонон, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати расонидани кӯмак ба қисмҳои низомии мамлакат ва доир намудани чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ дар арафаи Соли нави мелодӣ баргузор гардид.

Нахуст, Раисони Кумитаҳои иҷроияи минтақаи Рашт аз ҷойи хоб ва шароити будубоши сарбозон дидан намуда, бо онҳо суҳбатҳои судманд анҷом доданд.

Сипас, Раисони Кумитаҳои иҷроия дар маҷлиси тантанавӣ афсарону сарбозонро, аз номи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Соли нави мелодии 2023 табрику муборакбодї намуданд.

Фарҳангчиёни ноҳияи Рашт ва Нуробод бо омадани Бобои Барфи рақсу сурудхонї намуда, бо барномаи фарҳангӣ хотири ҳозиринро болида гардонида шуд.

Аз номи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба афсарону сарбозон дастархони идона ороста шуда, туҳфаҳои солинавӣ тақдим карда шуд, ки боиси болидарӯҳии онҳо дар арафаи Соли нави мелодии 2023 гардид.