МО БО ШУМОЕМ

2022-12-29

Санаи 28-уми декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар тақвияти дастуру ҳидоятҳои ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Хайринисо Юсуфӣ, Муовини Раиси ҲХДТ, Мирзозода Иброҳим, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Ғанизода Гулчеҳра, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба оилаи ғолиби озмуни “Мо бо шумоем”, ки дар ин оила 3 нафар дорои имконияти маҳдуд ҳастанд кӯмаки моддӣ (орд, равған, шакар, биринҷ, макарон, гӯшт) ва тӯҳфаи солинавӣ расонида шуд.

Зимни аёдат муовини раиси Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ бо ин кӯдакон суҳбати самимӣ ороста, онҳоро ба Соли нави мелодӣ табрик гуфта, саломатии бардавом таманно намуд. Ҳамзамон,  ёдовар шуданд, ки маҳз Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун абармард, мунодии сулҳу ваҳдат ва бунёдкор баҳри беҳбудии некӯаҳволии халқ ва ободии Ватани азизаш талош намуда, ҳамеша дастгири бечорагону бенавоён, камбизоатону ятимон ва дармондагон мебошад.  Ҳамин дӯстдории ӯст, ки халқ ӯро дар чун Пешвои раъиятпарвар дуст медоранду эҳтиром мекунанд. Зеро сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ, пояндагии миллат, истиқлоли Ватани азизамон ва ин пешрафту ободиҳо ҳама ба номи азизи вай сахт марбут аст.

 Роҳбари давлат чун шахсияти мардумӣ, худогоҳ ва сулҳофар тавонист дар як муддати аз нигоҳи таърихӣ начандон тулонӣ сулҳу ваҳдатро дар мамлакат барқарор намуда, низоми муайяни идоракуниро рушд диҳад. Маҳз ҷонфидоӣ, талошҳо ва ҷасорати Эмомалӣ Раҳмон омиле гардид, ки суботу ҳамгироии миллӣ дар давлат барқарор гардида, ваҳдати миллӣ тантана ёфт. Имрӯз дар фазои субот, ҳамгироӣ ва ваҳдату якдилӣ рушд намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон самараи фаъолияти сулҳофаринии Эмомалӣ Раҳмон аст.