Аёдати собиқадорони ҳизб дар арафаи пешвозгирии Соли нав

2022-12-29

Хизматҳои шоёни собиқадорон, ходимони давлатӣ ҳамеша дар мадди назари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дошта, аз тарафи кумиҷроияҳои ҳизбии шаҳру навоҳӣ дар ҳар иду ҷашнвораҳо дидорбинӣ ва аёдати эшон ба роҳ монда мешавад. Дар арафаи пешвозгирии Соли нави мелодии 2023 Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва раиси кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Исматҷонов якчанд фаъолон ва собиқадрони ҳизбро амсоли Мукаррама Бузрукова, Ҳамроҳ Атаева, Турдибой Ғафурҷонов ва Саидҷон Тӯхсанбоев аёдат намуда, бо соли нави омадаистода табрик карданд.

Аз ин ташаббус ва иқдоми идонаи ҳизбиён собиқадорон хеле хушҳол гардида, азри миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта, баҳри ободиву осудагӣ ва пойдории сулҳу амонии Тоҷикистони маҳбубамон даст бар дуо бардоштанд.

Зимни суҳбат онҳо иброз доштанд, ки имрўз мардуми Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро чун наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун ба меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ медонанд. Сиришти мардумӣ, эҳсоси худӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Эмомалӣ Раҳмон қалби ҳар шаҳрвандро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо, ба ояндаи фарзандони худ ва ба дурнамои давлату миллат менамояд. Ин ҳолати нодирест, ки мардум ба роҳбари худ ҳамчун ба худ, балки бештар аз худ бовар ва эътимод дорад.