СОЛИ НАВ-ҶАШНИ МЕЛОДӢ

2022-12-29

Соли нав таърихи зиёда аз 5 ҳазор сола дорад . Соли нав-ҷашни асосии тақвимӣ дар лаҳзаи гузариш аз рӯзи охирони сол ба рӯзи аввали соли оянда мебошад. Онро бисёр халқҳо мувофиқи тақвими қабулшуда ҷашн мегиранд. Нахустин бор он аз ҷониби ҳокими Рум, Юрий Сезар дар соли 46 пеш аз мелод рӯзи 1-уми январ ҷашн гирифта мешуд. Дар Руми Бостон ин рӯз ба Янус бахшида шуда, моҳи январ номи худро ба шарафи Янус гирифт, ки вай бо ду чеҳра тасвир мешуд: яке ба пеш менигарист ва дигаре ба қафо. Ҷашнгирии он дар байни ҳар як халқ хусусияти хосеро дорост. Аз соли 1919 ҷашни Соли нав дар ИҶШС мувофиқи тақвими григорианӣ таҷлил мегардад. Аз 23 декабри соли 1947 бо қарори Президиуми Совети Олии ИҶШС 1 январ рӯзи истироҳат эълон шудааст. Вале аз ҳама маълумтарин ҷашнгирии Соли нав ин мувофиқи солшумори Григорӣ, қариб дар тамоми ҷаҳон мутобиқи ҳисоби ҳаракати ҷирмҳои осмониву заминӣ ба қайд гирифта мешавад. Имрӯзҳо дар асоси солшумории григорӣ нисфи зиёди адабиётҳои ҷаҳон ба ҳисобу китоби вақт такя менамоянд. Ривоят ҳаст, ки дар сарзаминҳои Байнаннаҳрайн, қисми ғарбии мулки мардуми форсизабон ин  чорабинӣ  тантанавор  ҷашн  гирифта  мешуд.

Ҳангоми кашфиётҳои археологӣ дар аҳромҳои Мисри қадим бостоншиносон кӯзаеро кашф карданд, ки дар болояш «Оғози соли нав» навишта шуда буд. Дар Мисри қадим Соли нав ҳангоми сероб гаштани дарёи Нил (тақрибан охирҳои сентябр) ҷашн гирифта мешуд. Серобии Нил барои мисриён бисёр муҳим буд, чун танҳо ба хотири оби дарё, дар биёбон гандумашон мерӯид. Дар Соли нав мисриён ҳайкали худояшон Амонро ҳамроҳ бо зану писараш даруни қаиқе мегузоштанд. Қаиқ 1 моҳ дар Нил шино мекард ва тайи ин муддат мардум хурсандию сурудхонӣ мекарданд. Баъди 1 моҳ ҳайкалҳоро ба маъбад бармегардонданд. Дар Англияи қадим низ Соли навро моҳи март ҷашн мегирифтанд. Танҳо с.1752 парлумони ин кишвар санаи онро ба 1 январ тағйир дод. Ин кор ҳатто ба мухолифати занон рӯбарӯ шуд. Намояндагони занони англис ба раиси парлумон изҳор доштанд, ки парлумон ҳақ надорад занҳоро қариб 2 моҳ калонсол гардонад. Раиси парлумон бошад ин амалкарди онҳоро «Намунаи классикии мантиқи занона» номид.

Ҳамаи мардуми Тоҷикистонро ба фаро расидани Соли нави мелодии 2022 самимона табрику муборакбод мегӯям. Бигзор, Соли навимелодӣ барои ҳар як хонадони Шумо соли сулҳу оромӣ, таҷаллии хуршеди  орзуҳо, субҳи  пурсафои саодат, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои  навин  гардад.

 

Қурбонова Судоба,

мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо

кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант