РУШДИ СИЁСАТИ ҲУҚУҚӢ ДАР МЕҲВАРИ ПАЁМ
2022-12-29
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, махсусан бо қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйиру иловаҳои минбаъдаи он, падидаи «Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ ва стратегӣ рўйи кор омад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақоми олии қонунгузор дар даврони Истиқлол 23 маротиба
бо паёмҳои худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар
баромад намуданд.
Таҳлили
паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собит месозад, ки онҳо вобаста ба
вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсиву ҳуқуқӣ, бо таҳлилҳои воқеии вазъи
кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди арзёбӣ сурат гирифта, соҳаҳои мухталифи ҳаёти
ҷамъиятӣ, бо назардошти вазъи кунунӣ, мушкилот, роҳҳои ҳал ва дурнамо, мавриди
баррасӣ қарор дода мешаванд.
Яке
аз масъалаҳои меҳварӣ ва бунёдиро дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
самтҳои мухталифи сиёсати ҳуқуқии кишвар фарогир буда, заминаи онро таҳияи
санадҳои меъёрии ҳуқуқии ба рушди низоми ҳуқуқӣ нигаронидашуда, такмили
санадҳои меъёрии ҳуқуқии мавҷуда, бо мақсади таҳкими қонуният, тартиботи
ҳуқуқӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, устувории низоми иқтисодиву иҷтимоӣ,
фаъолияти соҳибкорӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ ва бо ин васила, таҳкими фаъолият бо
мақсади рушди низоми қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад.
Сиёсати
ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи сабаб ва омилҳои гуногун рушд намуда,
яке аз воситаҳои муҳим дар такмили он маҳз паёмҳои Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон ба шумор мераванд. Ин ҳуҷҷати муҳимми стратегӣ дар самти ислоҳоти
низоми қонунгузорӣ оид ба қабули санадҳои нави меъёрии ҳуқуқӣ, ворид намудани
тағйиру иловаҳо ба кодексҳо ва қонунҳо, такмили фаъолияти мақомотҳои
ҳуқуқэҷодкунанда, таҳкими фаъолияти мақомотҳои татбиқкунандаи ҳуқуқ, беҳтар
намудани сифати қонунҳо ва воқеигардонии онҳо ба ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ,
сиёсиву ҳуқуқӣ ва бо ин васила, мутобиқ гардонидани онҳо ба стандартҳои милливу
байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Бояд
зикр намуд, ки хусусияти асосии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз
санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ ва
санадҳои татбиқи ҳуқуқ иборатанд. Дар баробари ин, сиёсати ҳуқуқии кишвар дар
иртибот бо самтҳои асосии сиёсати давлат амалӣ гардида, заминаи ҳуқуқии сиёсати
иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва самтҳои дигари сиёсати давлати соҳибистиқлоли
Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Дар
баробари ин, қобили тазаккур аст, ки меҳвари сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии
Тоҷикистонро арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳифзи онҳо,
гуногунандешии сиёсӣ, баробарии шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти
хусусӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, рақобати озод дар иқтисодиёт
ташкил медиҳанд.
Метавон
иброз намуд, ки бахшҳои меҳвариву бунёдӣ ва асосии Паёми имсолаи Пешвои миллатро
дар самти рушди сиёсати ҳуқуқӣ чунин масъалаҳо фарогир мебошанд:
Бо
мақсади идома додани ислоҳоти соҳа ва танзими муносибатҳои иҷозатдиҳӣ ва
иҷозатномадиҳӣ пешниҳод карда шуд, ки қонунгузории соҳа такмил дода шуда,
муносибатҳои зикршуда дар доираи як санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим ва шумораи
онҳо то 60 фоиз ихтисор карда шавад. Ин ташаббус имкон фароҳам меорад, ки ба
самти фаъолияти соҳибкорӣ, истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва амсоли ин имтиёзҳои
содагардонидашудаи фаъолиятӣ ҷорӣ гардида, низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар
самти мазкур муттаҳид карда шаванд.
Ҳамчунин
бо таваҷҷуҳ ба фароҳам овардани заминаи муосири ҳуқуқӣ барои ҳалли масъалаҳои
беҳтар намудани сифати хизматрасониҳо, паст кардани арзиши хизматрасониҳои
алоқаи мобилӣ ва интернет ва дастрас гардонидани интернети баландсуръат дар
тамоми минтақаҳои кишвар, аз ҷумла шаҳру ноҳияҳои дурдаст ва бо дарназардошти
пешравию таҳаввулоти дар ин соҳа дар миқёси ҷаҳон бавуҷудомада сохтору мақомоти
марбута вазифадор карда шуданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи
барқӣ»-ро дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намоянд.
Бо
мақсади рушди устувор ва босуръати мамлакат, махсусан, амалӣ намудани
стратегияҳо, барномаҳои дарозмуддат ва миёнамуҳлати кишвар зарур шуморида шуд,
ки заминаҳои ҳуқуқии онҳо сари вақт ва босифат таъмин карда шаванд. Ин вазифа
аз мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, пеш аз ҳама, аз парламенти кишвар талаб менамояд,
ки фаъолияти худро ҳамаҷониба тақвият бахшад. Дар шароити кунунӣ санадҳои
меъёрии ҳуқуқии аз ҷониби парлумони кишвар қабулгардида танзимгари муносибатҳои
мухталифи ҷомеа дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва ғайра ба
шумор рафта, боиси рушди кишвар гардидаанд. Пешвои миллат баҳри тақвияти
фаъолият дар ин самт иброз доштанд, ки “вазифаҳои дар назди мо қарордошта
тақозо менамоянд, ки фаъолияти Маҷлиси Олӣ барои қабули қонунҳои саривақтии
мукаммал ва босифат боз ҳам тақвият бахшида шавад.
Ин
масъала, дар навбати худ, ҳамкории доимии парламентро бо дигар мақомоти
ҳуқуқэҷодкунанда, аз ҷумла бо субъектҳои дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва
татбиқи ҳуқуқ талаб менамояд”. Яъне, вакилони парлумон танҳо дар ҳамкорӣ бо
дигар мақомоти ҳуқуқэҷодкунанда, аз ҷумла бо субъектҳои дорои ҳуқуқи ташаббуси
қонунгузорӣ ва татбиқи ҳуқуқ метавонанд оид ба талаботи рўз мутобиқ намудани
қонунҳо саҳм гузоранд ва лоиҳаи қонунҳои ба талаботи рушду пешрафти ҷомеа
мувофиқро таҳия ва пешниҳод намоянд. Танҳо чунин раванд метавонад дар
муқаррарнамоии меъёрҳо ба низоми рушди соҳаҳои ҳаёти давлативу ҷамъиятӣ
мусоидат намуда, механизми фаъолияти ҳуқуқэҷодкуниро тақвият бахшад.
Бо
назардошти рушди минбаъдаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, таҳкими кафолатҳои судии
субъектҳои ин муносибатҳо зарур аст, ки фаъолияти мақомоти судӣ пайваста
таҳкиму такмил дода шавад. Бояд зикр намуд, ки таҳкими фаъолияти мақомоти
татбиқкунандаи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти судӣ ҳамчун василаи муҳим дар
амалигардонии воқеии меъёр, стандарт ва нишондодҳои асосии пешбиникардаи
санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Мақомоти судӣ ҳамчун шохаи мустақили
ҳокимият таъмингари қонуният ва адолати судӣ мебошад, ки пайваста дар паёмҳои
Президенти мамлакат дар самти тақвияти таъмини кадрҳои баландихтисос ва кордон
ба ин ниҳод ва бартарафсозии монеаҳо дар фаъолияти онҳо ҷойдошта, масъалагузорӣ
мегардад. Вобаста ба ин, Пешвои миллат таъкид доштанд, ки “Суди Олӣ ва Суди
Олии иқтисодиро зарур аст, ки оид ба бартараф намудани камбудиву норасоиҳои
ҷойдошта, интихобу ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, баланд бардоштани сатҳи
тахассусӣ ва омодагии касбии судяҳо тадбирҳои муассир андешанд”.
Барои
пешгирӣ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ ва
ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир
карда мешаванд, таъсис додани Маркази ягонаи иттилоотӣ зарур шуморида шуд. Бо
ин назардошт ба Прокуратураи генералӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва
Вазорати корҳои дохилӣ супориш дода шуд, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо
масъалаи таъсиси маркази зикршударо омўхта, пешниҳодҳои худро ба Ҳукумати
мамлакат манзур намоянд.
Пешвои
миллат иброз намуданд, ки “имрўзҳо гурўҳҳои террористиву эктремистӣ барои
даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои
муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву
ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ месозанд”. Вобаста ба ин, аз мақомоти
дахлдор ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу
хатарҳои террористиву экстремистӣ ҷиддан тақозо гардида, вусъат бахшидани
корҳои фаҳмондадиҳӣ барои пешгирии гаравидани ҷавонон ба равияҳои ифротгаро ва
тарбияи онҳо дар рўҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои
умумиинсонӣ таъкид карда шуд.
Дар
умум, Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паҳлуҳои мухталифи
сиёсати ҳуқуқии кишварро, махсусан дар самти такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ
оид ба масъалаҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ, алоқаи барқӣ, пешгирии
терроризму экстремизм ва дар маҷмуъ, масоили таҳкими фаъолияти мақомоти
қонунгузориро фарогир буда, ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсиву ҳуқуқӣ ва стратегӣ
ба таъмини рушди низоми қонунгузории кишвар мусоидат менамояд.
КИ
ҲХДТ дар шаҳри Хоруғ