ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – РОҲНАМОИ МОСТ
2022-12-28
Паёми навбатии
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 23 декабри соли
2022 ироа гардид, барои мардуми шарафманди кишварамон роҳнамоест барои давом
додани фаъолияту ташаббуси ҳар як шаҳрванд баҳри ободкориву созандагӣ дар
Тоҷикистони соҳибистиқлол.
Дар Паёми худ Роҳбари
давлат ба Маҷлиси Олӣ ва аҳли зиёи кишвар қайд намуданд, ки ҳанӯз аз оғози
соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии
аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва
афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои
заруриро амалӣ карда истодааст.
Бо мақсади дастгирии
гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ Пешвои миллат ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки
ҷиҳати аз 1-уми июли соли 2023 то соли 2025 ҳар сол зиёд кардани андозаи
кӯмакпулии унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳои камбизоат, яъне аз 512 сомонии
амалкунанда то 836 сомонӣ ва иловатан барои ҳар як кӯдаки оилаҳои мазкур
мутобиқан ба ин давра аз 34 сомонӣ то 152 сомонӣ ҷудо кардани маблағҳо чораҷӯӣ
намояд.
Бо мақсади беҳтар намудани вазъи иҷтимоии аҳолӣ дар Паёми худ Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ ва аҳли зиёи кишвар қайд намуданд, ки аз 1-уми марти соли 2023 музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз зиёд карда, аз 1-уми июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва стипендияҳо 20 фоиз зиёд, аз 1-уми июли соли 2023 андозаи нафақаи заминавӣ 20 фоиз зиёд карда шавад. Ҳамчунин нафақаҳои суғуртавие, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин ва пардохт мегарданд, ба андозаи сатҳи таварруми ду соли охир, вале на кам аз 16 фоиз индексатсия, яъне зиёд карда шаванд. Дигар нафақаҳои амалкунанда ба андозаи 20 фоиз аз меъёри нафақаи заминавӣ зиёд карда шаванд.
Дар баромадашон Президенти кишвар бо самимият ва ғамхории ба худ хос дар бораи миллати тоҷик ҳарф мезанад, ки дар дили мо-ҷавонон меҳру муҳаббат нисбати Ватани азизамон зиёд мешавад. Хоҳиши боз ҳам бештар фаъол будан ва содиқ мондан ба ватану милати худро бо тамоми ҳастиамон эҳсос менамоем. Имрӯзҳо мо ҷавонон дарк мекунем, ки бо талошу заҳмат ва кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқлолият ба даст омадааст, кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки Тоҷикистони азизамонро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Аз ин рӯ, мо- мардуми
шарафманди кишвар сулҳу субботи сиёсӣ, дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро
асоси иродаи озоди мардум дониста, барои пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои
пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, рушду нумӯи иқтисодиёт, илму маориф, фарҳанг ва
дар маҷмӯъ давлатдории миллӣ саъю талош менамоем.
Баҳодур Хайруллозода,
муовини КИ ҲХДТ дар
шаҳри Норак