Татбиқи самаранокии стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаҳои ҲХДТ

2022-12-28

Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барномаи судманд, пурмуҳтаво, фарогир буда, барои рушди самтҳои муҳимму афзалиятноки кишвар пешбинӣ гардидааст. Маҳз дар асоси барномаи ҳизб рушди тамоми соҳаҳо пешбинӣ ва таъмин карда мешавад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизбест, ки манфиати мардуму давлату кишварро ҳифз менамояд ва баҳри рушди тамоми самтҳои афзалиятнок кӯшиши хешро ба харҷ медиҳад. Солимии ҷомеа яке аз қисматҳои асосии барномаи ҳизб маҳсуб меёбад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ислоҳоти соҳаи тандурустиро дастгирӣ намуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонии тиббӣ, сатҳу сифат ва самаранокии он ба аҳолӣ, инчунин, баҳри рушди шаклҳои нави кумаки аввалияи тиббию санитарӣ талош меварзад. Ислоҳот пеш аз ҳама ба таъмини устуворӣ ва дастрасии ҳамаи гуруҳҳои аҳолӣ ба муолиҷаю табобат ва барқарорсозии саломатӣ равона карда мешавад.

Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои мусоидат намудан ба ҳалли гузаронидани ислоҳоти муназзам дар соҳаи тандурустӣ, беҳсозии дастрасӣ, сифат ва самарабахшии хизматрасониҳои тиббию санитарӣ, махсусан, барои аҳолии камбизоат ва мардуми деҳот, таъмини иҷрои самараноки “Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо хизматрасониҳои кумаки тиббию санитарӣ”, ҷорӣ намудани низоми тибби суғуртавӣ, боз ҳам беҳтар намудани инфрасохтори тандурустӣ, таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамон, тарбияи кадрҳои баландихтисос, ташкили корхонаҳои дорусозӣ ва васеъ истифода бурдани гиёҳҳои шифобахши ватанӣ дар табобат, таблиғу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа равона гардидааст.

Ҳамзамон, зиёд намудани ҳаҷми маблағгузорӣ барои рушди соҳаи тиб ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, ғамхорӣ дар ҳаққи гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ, ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд, нафақахӯрону собиқадорони меҳнат ва ба ёрии тиббӣ фаро гирифтани онҳо, беҳтар шудани механизми таъминот бо доруворӣ, сифат ва таъсирбахшии маҳсулоти доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ, васеъ ҷорӣ шудани технологияҳои инноватсионӣ дар фаъолияти муассисаҳои низоми тандурустӣ, баландтар гаштани сатҳи фарогирии кӯдак бо хизматрасониҳои муассисаҳои махсусгардонидашуда ба таври назаррас коҳиш ёфтани фавти модару кӯдак ва баланд намудани давомнокии умр дар шаҳру деҳот, баланд бардоштани савияи дониш, тахассус ва маҳорату малакаи кормандони соҳаи тиб, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар муассисаҳои тиббӣ дар асоси дастовардҳои тибби муосир низ дар барномаи ҳизб ҷойгоҳи махсус дорад.

Мавриди зикр аст, ки тайи 30 соли истиқлоли давлатӣ ҷиҳати беҳтар намудани солимии сокинони кишвар ва ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ усулҳои муосири ташхису табобат роҳандозӣ гардида, нерӯи зеҳнии соҳа ва инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таҳким ва тавсеа пайдо кард.Соли 1990 дар Тоҷикистон 2860 муассисаи тиббӣ бо 52800 нафар корманд фаъолият дошт. Ҳоло дар кишвар 4700 муассисаи тиббӣ бо 78 800 корманд фаъолият дорад.

Дар давоми сӣ соли истиқлолият барои соҳаи тандурустӣ 187 000 нафар табиб ва корманди миёнаи тиббӣ тайёр карда шудааст. Вобаста ба зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустӣ садҳо муассисаи нави тиббӣ бунёд ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, нақлиёти санитарӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ таъмин карда шуданд. Танҳо дар се соли охир, яъне солҳои 2019–2021 дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати 30–солагии истиқлолият аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 1858 иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд шудааст.ло сатҳу сифати ташхису табобати беморон нисбат ба солҳои пеш хеле беҳтар гардида, барои ташхису табобат ба кишварҳои хориҷӣ рафтани шаҳрвандон бамаротиб коҳиш ёфтааст. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ вазифадор шудааст, ки барои таъмин намудани дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашуда ҷиҳати минбаъд низ ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат ва технологияҳои инноватсионӣ дар амалияи тиббии муассисаҳои соҳавӣ чораҳои заруриро амалӣ намояд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон варзишро ҳамчун яке аз омилҳои муҳимми солимии ҷомеа ва муаррифгари миллату давлат дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф намуда, барои тарбияи варзишгарони касбӣ ва ташаккули оммавияти варзиш бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва давлативу шахсони воқеӣ бунёди варзишгоҳу майдонҳо ва толорҳои варзиширо тарафдорӣ менамояд.

Бо ин мақсад аз ҷониби Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайваста ҷиҳати рушди тарзи ҳаёти солим тадбирҳои мушаххас андешида мешавад. Махсусан дар арафаи иду ҷашнҳои милливу давлатӣ мусобиқаҳои варзишӣ доир гардида, ҷавонону наврасон ба дави миллӣ ҷалб мегардад. Ҳамзамон бо сокинон оид ба тарзи ҳаёти солим, пешгирии омилҳои номатлуб чун нашъамандию нашъаҷаллобӣ, бемориҳои сироятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда мешавад. Дар давраи пандемияи КОВИД 19 дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳизбӣ бо Ҳизби коммунисти Хитой ба ҷумҳурии мо доруворӣ, таҷҳизоти ҳаворасон, маводҳои антисептикӣ, либосҳои махсус барои кормандони тибб ҳамчун кумаки ройгон расонда шуд. Ҳамзамон бо мақсади пешгирии ин беморӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Фирдавсӣ бо сокинони шаҳраку маҳаллаҳо вохӯрӣ намуда, оид ба роҳу усулҳои пешгирию табобат давоми як сол корҳои фаҳмондадиҳӣ карда шуд.

Боиси тазаккур аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оиларо ҳамчун асоси ҷомеа ва арзиши муқаддас эътироф намуда, барои устувории пояҳои он дар шароити нави ҷаҳонишавӣ чораҳои зарурӣ меандешад. Зеро оилаи солим заминаи ҷомеаи солим аст. Дар ин зимн барномаву стратегияҳо амал мекунанд, ки дар татбиқи он ҳизб саҳми муносиб мегузорад.

 

Зулфия Алиева,

узви Кумиаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Фирдавсӣ