Паёми Пешвои миллат – раҳнамои ҷавонон

2022-12-28

Дар Паёми навбатии худ ба маҷлиси Олии кишвар Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми самтҳои хоҷагии халқро дар 5 соли охир таҳлил намуда, барои рушду тараққӣ, фароҳам овардани шароити мусоид ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Соли 2022-ро Пешвои миллат соли бобарор барои Тоҷикистон арзёбӣ намуданд. Зеро новобаста дар раванди мураккаб гаштани вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон сарфи назар аз таҳаввулот дар иқтисоди ҷаҳон ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии Тоҷикистон, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7,3 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,5 баробар афзоиш ёфт.

Дар панҷ соли охир сатҳи некуаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41,1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонидааст, яъне 2,1 баробар зиёд гардидаст. Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфтааст. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27,4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода ёфтааст. Дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис шудаанд.

Дар панҷ соли охир танҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардидааст, ки ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил медиҳад. Дар давоми ин солҳо дар Тоҷкистон 842 бинои муассисаи таълимӣ барои 382 ҳазор хонанда, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 бинои таълимӣ барои 87 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст.

Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат барои баланд бардоштани донишу малака ва аз худ намудани техникаву технологияҳо равона гардидааст. Аз ҳамин ҳисоб ҳамасола дар Тоҷикистон бо дастгирии Пешвои миллат иншоотҳои томактабӣ, боғчаву кӯдакистонҳо, мактабҳои замонавӣ ва Донишкадаву Донишгоҳҳо сохта ба истифода дода шуда истодааст.


Акбарзода Маъруф,

мудири шуъбаи  ҷавонони КИ ҲХДТ

дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.