Семинари омӯзишӣ дар КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд

2022-12-28

Дар Паёми соли ҷорӣ ҷиҳати ҷоннок намудани корҳои ташвиқотиву тарғиботӣ дар байни мардум  Роҳбари давлат чанд нуқтаҳои  муҳимро баҳри ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ, вусъат бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба равияҳои ифротгаро,  тарбияи онҳо дар рӯҳияи садоқат ба халқу Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои умумиинсонӣ таъкид намуданд.

Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки “ҷиҳати пешгирӣ намудани ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву террористӣ дошта ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, зарур аст, ки Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода шавад, зеро имрӯзҳо гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ барои даъват ва ҷалб намудани шаҳрвандон ба сафҳои худ бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ роҳу усулҳои навро истифода карда, ҷавонони камтаҷрибаву ноогоҳро бо ғояҳои тундгароӣ гумроҳ сохта истодаанд”.

  Дар доираи ин мавзуъ дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо иштироки Раиси кумиҷроияи вилоятӣ Исмоилзода Зуфар Муртазохон семинари омӯзишӣ доир гардид. Мақсад аз баргузории семинари мазкур  шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳимми Паёми Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, он бо ҷалби раисон ва мудирони шуъбаи таблиғоти КИ ҲХДТ  дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар самти амалӣ гардонидани сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ба роҳ монда шуд.

Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба семинар ҳусни ифтитоҳ бахшида, баҳри  баланд бардоштани маърифатнокии кормандони кумиҷроия тибқи дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати боло бурдани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии мардуми кишвар, расидан ба қадри Истиқлолият ва ҳамаи музаффариятҳову пешравиҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол маърӯза намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки амнияти бехатарии иттилоот дар Тоҷикистони маҳбуб, вазифаи аввалиндараҷа барои на танҳо кормандони раёсати амнияти миллӣ ва инчунин вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯсти кишвар маҳсуб меёбад. Раиси КИ ҲХДТ Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо такя ба чанд нуқтаи муҳимми Паёми Сарвари давлат иброз доштанд, ки “Фаромӯш набояд кард, ки пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дорад. Зеро бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад”.

Илова бар ин, ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбуб ва дастовардҳои он – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонӣ, вазифаи шаҳрвандӣ ва рисолати имонии ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти ҷомеа бошад.

Сипас муовини КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Замира Мансурӣ барои пешрафти фаъолияти кумиҷроияҳо аз ҷумла, ҷиҳати ҷоннок намудани  фаъолияти шуъбаи таблиғот ва иттилоот оид ба дуруст навиштани мақолаву гузоришҳо ва ба хатогиҳо роҳ надодани кормандони шуъбаи мазкур баромад намуда таъкид карданд, ки  ҳизбиён бояд фаъолиятро дар самти солим нигоҳ доштани фазои сиёсиву иҷтимоӣ, пешгирии паҳншавии таъсири равияҳои гуногуни иртиҷоӣ ва ифротӣ пурзур намуда, корбариро дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб, қарорҳои Маҷлисҳои Кумитаи иҷроияи Марказӣ ва вилоятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба роҳ монанд.

Маврид ба зикр аст, ки тарзи дуруст истифодабарии саҳифаҳои расмии фейсбукро дар навори видеоии пахши мустақим ба роҳ монда, тавассути он анҷомдиҳии кор бо фейсбук омӯзонида шуд.

Ҳамзамон, мудири кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва касбии факултети психология ва таҳсилоти томактабии МДТ ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров номзади илмҳои психологӣ, дотсент Зайтметов Ҳусейн Авасхонович доир ба “Таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба психологияи шахс” маърӯзаи пурмӯҳтаво намуда таъкид карданд, ки ҳар як истифодабарандаи фазои иттилоотӣ бояд роҳи ҷалби хонандагони фейсбук ба тариқи дуруст интихоби мавзӯъ ва ҷойгиркунии расми мантиқан ба мавзӯъ мувофиқро донад. 

Ҳадаф аз баргузории семинари омӯзишӣ ин пеш аз ҳама дар асоси дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки вазифаи асосии мо ҳизбиён дар байни халқ будан ва бо ин васила баланд бардоштани нуфуз ва мавқеи ҳизб дар ҷомеа мебошад.

Аз ин хотир семинари мазкур баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти кумиҷроияи шаҳру ноҳияҳо дар вилояти Суғд корбарӣ дар шабакаҳои расмӣ ба роҳ монда шуд.

Дар анҷоми семинари омӯзишӣ Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон иброз доштанд, ки имрӯзҳо хушбахтона мо, аъзои ҲХДТ аз сулҳу ваҳдат ва оромию осудагии ватани соҳибистиқлоламон шукргузорӣ намуда, сарҷамъона барои тадбиқи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ таҳти шиори «Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» кӯшиш ба харҷ дода, барои ободию гулгулшукуфоии кишварамон саҳми босазои худро гузошта ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки кӯмак ба ниёзмандону эҳтиёҷмандон анъанаи хуби мардумӣ буда, ин рисолатро мо бояд аз корнамоиҳои Раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзем ва фарзандони худро дар равияи арҷгузорӣ ба гузаштагону расидан ба қадри озодӣ ва хизмати Ватан-Модар тарбия намоем.

Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо такя ба иродаи азими мардуми кишвар иброз доштанд, ки мардуми шарифу сарбаланд, ватандӯсту ватанпарвар ва заҳматдӯсти мо аз ӯҳдаи иҷрои ҳама гуна амалҳои нек ва бартараф намудани тамоми мушкилот мебароянд, Тоҷикистони азизамонро боз ҳам ободу зебо ва пешрафта мегардонанд ва барои зиндагии аз имрӯзу фардо талош хоҳанд варзид.