Мо сипоҳи туем

2022-12-27

Нимаи дуюми рўзи 27-уми декабри соли равон саҳни Донишкадаи олии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои идона дошт. Зеро дар остонаи Соли нави мелодӣ дар ин боргоҳи далериву мардонагӣ бо ибтикори Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид

Дар чорабинӣ Абдуҷаббор Азизӣ, Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Иброҳим Мирзозода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Оятулло Аҳмадзода, Раиси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, Убайдулло Қурбонзода, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва роҳбарияти донишкадаи мазкур иштирок доштанд.

Дар ифтитоҳи чорабинӣ Абдуҷаббор Азизӣ иштирокдоронро бо фарорасии Соли нави мелодӣ ва ҳайати шахсиву фармондеҳии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо иди касбиашон табрику таҳният намуда, барои сарбаландона адо намудани вазифаҳои дар наздашон истода барору комёбиҳо орзу намуд.

Абдуҷаббор Азизӣ ҳамзамон иброз дошт, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти, Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки дар остонаи Соли нави мелодӣ ба афсарону курсантони Донишкадаи олии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурхони идона ороста, ҳамзамон аз шароити будубоши онҳо  бохабар гарданд.

Мавсуф ҷавонони даврони Истиқлолро хушбахтарин насл арзёбӣ намуда, дар хитоб ба онҳо афзуд: -“Шумо ҷавонони хушбахт ҳастед, ки дар чунин Ватани орому осуда умр ба сар бурда, қарзи фарзандии худ, яъне хизмат ба Ватан-Модарро дар шароити хуб ба ҷо оварда истодаед. Мо бо шумо, ҷавонони ғаюру далери Ватан ифтихор мекунем ва бовар дорем, ки қарзи виҷдонии худро софдилонаю ҷавонмардона адо мекунед”.

Сипас, Муовини фармондеҳи Қушунҳои сарҳадӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ генерал-майор Тўрабек Назарзода аз номи ҳайати фармондеҳӣ ва ҳайати шахсии Қўшунҳои сарҳадӣ ба муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва дигар иштирокдорони чорабинӣ барои ташриф, ғамхорӣ ва дастгирии бевоситаашон сипосу миннатдории бепоён баён намуда, иброз дошт, ки мо ҷавобан ба ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи марзу буми Ватани азизамон содиқона хизмат мекунем ва ҳар як порчаи сарзамини аҷдодиамонро аз бегонагон эмин нигоҳ медорем.

Ёдрас мешавем, ки дар донишкадаи мазкур барои 800 нафар дастурхони идонаи солинавӣ омода гардида, ҳамзамон бахши фарҳангии чорабинӣ бо сурудҳои ватандўстонаи аҳли санъат ҳамоиши мазкурро басо ҷолибу хотирмон намуд.