Нақш ва мавқеи занону бонувони кишвар дар паёми имсолаи Роҳбари давлат

2022-12-27

Мавриди зикри хос аст, ки ҳалли саривақтии масъалаҳои мушкилоти занону духтарон, ба кори доимии мувофиқ таъмин намудани онҳо ва ба ин васила фароҳам овардани зиндагии шоиста ҳамарӯза зери таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор дорад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анқариб дар ҳар як баромаду мулоҳизарониҳояшон ин масъалаҳоро пайваста таъкид намуда, барои ҳалли масоили мазкур чандин мақомоти дахлдори ҳукуматиро вазифадор менамоянд. Аз ҷумла дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаи дастгирии занону бонувони кишвар хеле бамаврид таҳлилу инъикос гардида, чандин далелҳои ба ин ҷараён марбут зикр гардиданд.

Дар доираи таваҷҷуҳ ба фаъолияти занону бонувон ва дастгирии фаъолияти онҳо дар Паёми Роҳбари давлат қайд гардид, ки: “тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судмандро амалӣ намуд.Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд. Инчунин, бонувону занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд. Таъсиси грантҳои президентӣ ба густариши фаъолияти соҳибкории занону бонувон мусоидат намуд ва онҳо дар баробари беҳтар сохтани шароити оилавии худ ҳоло ба рушди иқтисоди кишвар низ таъсири назаррас расонида истодаанд”.

Дар мавриди ба ҷойҳои кории мавсимӣ ва доимӣ таъмин намудани занону бонувон, барои бе камбудӣ ташкил намудан ва муваффақона давом додани фаъолияти соҳибкории онҳо тавассути пешниҳод кардани қарзҳои бонкӣ ва қарзҳои бебозгашт, кумакҳои доимӣ ва якдафъаина, тибқи квотаҳои президентӣ ва дигар намуди дастгириҳо фарогирӣ бо таҳсил ва соҳиби касбу кори мувофиқ гардидани онҳо аз масъалаҳои мубрам ва муҳиме буданд, ки дар Паёми имсолаи Роҳбари давлат таъкид гардиданд.

Мувофиқи далелҳои дар Паёми Сарвари давлат зикргардида “соли 2022 ба зиёда аз 600 ҳазор занону бонувон аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ ба маблағи беш аз 3 миллиарду 400 миллион сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2018-ум 2,4 баробар зиёд мебошад.

Умуман, дар панҷ соли охир маблағи қарзи ба занону бонувон пешниҳодшуда 12,1 миллиард сомониро ташкил кардааст. Рақамҳои зикршуда гувоҳи равшани фаъол будани занону бонувон дар иқтисодиёти кишвар мебошанд. Дар 21 соли охир беш аз 504 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбиро хатм карда, соҳибкасб шудаанд. Аз ин ҳисоб 239 ҳазор нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ гардида, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳсил карда истодаанд”.

Умуман, нақш ва мавқеи занону бонувон дар ҷомеа мисли ҳамешагӣ дар Паёми навбатии Роҳбари давлат ба таври хоса таъкид гардида, дар ин васила, аз ҷумла дар доираи суханронии Пешвои миллат қайд карда шуд, ки: “Мо тасмим дорем, ки ҷалби бонувонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем.

Мо, ҳамчунин, ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад”.

 

Баҳронова Нуринисо Шарофидиновна,

вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри

Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №37.

Раиси ташкилоти ибтидоии “Ватандуст”