РОҲПАЙМОӢ ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОН

2022-12-27

Бахшида ба иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қабули Қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» бо дастгирии 153 кишвари узви Созмони Милали Муттаҳид, дар шаҳри Гулистон роҳпаймоӣ роҳандозӣ гардид.

Дар роҳпаймоӣ Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, фаъолони ҳизб, бонувону ҷавонон ва аъзои Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” низ фаъолона ширкат варзиданд.

Бояд қайд кард, ки таърихи 14 декабри соли равон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77-уми худ қатъномаи «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро  бо  ҳамовозии якдилона  қабул кард. Дар асоси ин Қатънома пешниҳодҳои Пешвои муаззами миллат аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфта, дар он эълони Рӯзи байналмилалӣ ва ҳам Соли байналмилалӣ дарҷ гардидааст.

Дар Паёми навбатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати пазируфта гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба эълон гардидани «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» баён доштанд:

- "Мо хушҳол аз онем, ки ташаббуси мо бо дарки масъулият аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонии ҳаматарафа ёфт. Бешубҳа, қабули ин қатънома, яъне ташаббуси панҷуми Тоҷикистон гувоҳи боз ҳам баланд гардидани обрӯю эътибори кишвари мо дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Итминони комил дорам, ки Тоҷикистон дар пешбурди масоили ҷаҳонии обу иқлим ва мавзӯъҳои дигари рӯзномаи байналмилалӣ минбаъд низ ба ҳайси кишвари ташаббускор боқӣ хоҳад монд".