ПАЁМ-НАВИДИ ПЕШРАВИҲО

2022-12-27

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 декабри соли равон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми худро ироа намуданд.

Ин Паём низ, чун паёмҳои қаблӣ аз даъват ба ободиву шукуфоӣ, иҷрои ҳамагуна амалҳои нек ва бартараф намудани тамоми мушкилотҳо бо ҷалби мардуми шарифу сарбаланд, ватандусту ватанпарвар ва қавииродаву заҳматдӯст оғоз гардида, саҳми беназири деҳқонон ва кишоварзон, занону ҷавонон ва соҳибкорони кишварро низ бо изҳори сипосу қаноатмандӣ дар лаҳзаҳои басо ҳассос кишвар ёдовар гардиданд.

Аз ҷумла, роҳбари давлати тоҷикон дар Паёми худ зимни муроҷиат ба ҳозирин изҳор намуданд, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонӣ, бунёдкорӣ ва зебо гардонидани ҳар як гушаву канори кишварамон саъю талош варзида, озмуну чорабиниҳоро дар ин самт ҷоннок намоем.

Шиори кору пайкори худ қарор намудани “Ватандустӣ” ва “Рушд”-ро дар ҳама соҳаҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ баён намуда, масъалаи беҳтар намудани шароити некуаҳволии мардумро самти муҳимми ҳукумати мамлакат номиданд.

Бо ҳисси эҳтиром чун ҳамасола, дар ин Паём низ Пешвои миллат такя ба занону модарон, аз фаъолияти пурсамари занон дар ҳама соҳаҳо ибрози назар намуда, бо мақсади пурра ва мувофиқи мақсад иҷро гардини Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” даъват ба амал оварданд.

Дар Паёми имсола Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ибрози “Тоҷикистон худ, кишвари ҷавонон аст” аз мардуми сарбаланди кишвар бобати таълиму тарбияи дурусти ҷавонон пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гуруҳҳои террористиву экстримистӣ ва нақши модарро дар таълиму тарбияи фарзанд басо муҳим арзёбӣ намуданд.

Ҳамасола, Паём ҳамчун роҳнамо ба мардуми сарбаланди тоҷик бо фарогирии ҳама самтҳо ва ҳама қишрҳои ҷомеа пешниҳод гардида, бо беҳтарин суханҳои саршор аз меҳру муҳаббати сарварона ва падарона манзур мегардад, ки ҳар як фарди соҳибақлро ба дарки масъулияти баланди ватансозию ватандорӣ равона мекунад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки соли 2022 барои Тоҷикистон соли бобарор буд.

Бо шарофати заҳмати содиқонаи мардуми мамлакат, раванди созандагию ободкорӣ бо маром идома ёфта, нақшаю барномаҳои пешбинигардида бо мақсади таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати сокинони мамлакат як қатор корҳои назаррас амалӣ гардидааст.

Зиёд намудани музди меҳнат ва андозаи нафақа, зиёд гардидани маблағҳо барои рушди соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, инчунин дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ барои дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ тавасути пардохтҳои нафақа, кумакпулӣ, ҷубронпулиҳо ба 475 ҳазор шаҳрванди эқтиёҷманди кишвар, аз ҷумла кӯдакони ятим ва бесаробон, маъюбон, оилаҳои камбизоат ва гирандагони нафақаи иҷтимоӣ кумаки молиявии яквақта дар ҳаҷми 600 сомонӣ иловатан пардохт мегардад, ки ба ин мақсад дар ин самт 285 миллион сомонӣ равона гардидааст, ки аз иқдомҳои беназири Пешвои миллат мебошад.

Масъалаи беҳтар намудани шароити зиндагии мардуми кишвар ва барои фароҳам овардани ҳаёти шоиста ба ҳар як сокини кишвар, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ ба 1 миллиону 450 ҳазор оила замини наздиҳавлгӣ барои бунёди манзил ҷудо гардидааст. Ин иқдоми давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як фарди Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки зиндагии шоиста ва арзандаро соҳиб гарданд.

Бо боварии комил метавон гуфт, ки ҳамаи соҳаҳо бо истифода аз ин Паёми роҳнамо, дар роҳи татбиқи самтҳои он фаъолона саъю толош варзида, Тоҷикистонро ба як давлати ободу пешрафта табдил медиҳанд.

 

Назокат Қосимова,

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ