ПАЁМ РОҲНАМОИ ҶАВОНОН

2022-12-27

Ҳамасола намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон паёми солонаи Роҳбари давлат ба парлумонро дар мавриди самтҳои сиёсати дохилию хориҷии кишвар гӯш мекунанд. Мавриди зикр аст, ки паёми Президент ба парлумон дар ҳузури вакилон, роҳбарони мақомоти иҷроия ва додгоҳӣ, намояндагони кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ироа мегардад.

Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат дар худ дастовардҳои ҳамаи соҳаҳоро таҷассум карда, нақшаву вазифаҳо барои соли 2023 –ро муайян намуд, ки ин баҳри пешрафти соҳаи иқтисодию иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона карда шудааст. Дар паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, таъмини рушди иқтисодӣ, саноат, энергетика, нақлиёт, алоқа, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳиро муайян намуда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

 Паём масъалаҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки барои рушду нумуи Тоҷикистон мусоидат мекунад. Соли 2022 барои Тоҷикистони мо дар маҷмуъ соли бобарор буд. Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву обокорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ када шудаанд.  Ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвори таърихӣ қарор дорад.

Бахусус, соли 2022 таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ вусъат гирифта, занҷираҳои мавҷудаи таъминоти молу маҳсулот канда шуданд, истеҳсоли маҳсулот коҳиш ёфт ва нархҳо махсусан, маводи ғизоӣ ба таври бесобиқа боло рафтанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳамкориҳо миёни кишварҳо, созмонҳои байналмиллалӣ, донишгоҳҳои молиявӣ изҳори назар намуд.  Дар паём инчунин Сарвари давлат қайд карданд, ки музди маоши кормандони ҳамаи соҳаҳо 20-25% зиёд карда шавад. Пас аз шунидани паёми Президент ҳар шахси ватандӯст хусусан ҷавононро зарур аст, ки ҳар як гуфтаи Роҳбари давлатро сармашқи кори худ дониста, баҳри пешрафти ватани азизи худ саҳмгузор бошад.


Худойқулова Таманно,

мутахассиси шуъбаи омори

КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант